Панҷ шаҳрванди Қирғизистон дар Тоҷикистон барои убури ғайриқонунии марз боздошт шуданд. Ин боиси нооромӣ дар ҷомеаи наздисарҳадии Қирғизистон шуд. Овозаҳо паҳн шудаанд, ки на 5 нафар, балки 22 нафар боздошт шудаанду ва гӯё онҳо гаравгон гирифта шуда бошанд.
Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон имрӯз, 22 феврал вазъро шарҳ дод.
“Дар робита ба паҳн кардани иттилоот дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи эҳтимолан дастгир шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҷониби мақомоти амниятии Тоҷикистон ва гаравгон нигоҳ доштани онҳо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон чунин хабар медиҳад- ин маълумот дуруст нест ва қалбакӣ аст. 16 феврали соли 2021 дар қаламрави Тоҷикистон панҷ шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон барои вайрон кардани сарҳади давлатӣ ҳангоми кӯшиши ғайриқонунӣ содир кардани 900 кг металл, ду сар гов ва се сар чорвои майда аз қаламрави Тоҷикистон боздошт карда шуданд”.
Ҷониби Тоҷикистон алайҳи боздоштшудагон тафтишот мебарад ва мақомоти Қирғизистон дар бораи бозгашти онҳо ба ватанашон гуфтушунид мекунанд. Ҳамзамон, вазъ дар марз, тавре ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қирғизистон итминон дод, мӯътадил боқӣ мондааст.