Роҳбари Саридораи Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон Шамсулло Кабирзода гуфтааст, ки дар кишвар андоз барои блогерон ҷорӣ карда шудааст.
Ӯ қайд кард, ки мутобиқи моддаи 98 Кодекси андоз, "ҳама намудҳои фаъолият ва ҳама гуна даромадҳое, ки шахсони воқеӣ, сарфи назар аз намуд ва маҳалли ҷойгиршавӣ мегиранд", бояд андозбандӣ шаванд.
Тавре зикр гардид, андоз аз 29 канал ситонида мешавад. Ба ин каналҳо аз 3 то 19 миллион корбарони Интернет обуна шудаанд. Блогерҳо бояд эъломияи андозро то 1 апрели соли равон пешниҳод кунанд. Кабирзода меъёри андозро номбар накардаст.
Чуноне, ки сомонаи your.tj хабар медиҳад, ҳамчунин Кумитаи андози Тоҷикистон рӯйхати даҳгонаи фаъолтарин блогерҳои Тоҷикистонро пешниҳод кардааст.
Тибқи ин феҳраст ҷои якумро канали “Tamoshow” мегирад, ки 867 ҳазор ҳамванд ё обуначӣ дошта, теъдоди умумии тамошои наворҳои ин канал 430 миллионро ташкил медодааст.
Дар ҷои дувум шабакаи “Территория юмора” омадааст, ки 66,8 ҳазор ҳамванд ва 9,5 миллион тамошобин доштааст.
Ҷои севумро лоиҳаи “Дугонаҳо” бо 19 миллион тамошобин, ҷои чорумро “Bvif,”-и Мубориз Усмонов, панҷумро- канали “ОРЗУ”-и Орзу Исоев бо 6 миллион теъдоди умумии тамошобинон гирифтаанд.