Амали ғайриқонунии зани 55 солаи бекор, ки ғайриқонунӣ хориҷиёнро дар хонаи истиқоматии кӯчаи Ленинградскаи Самара ба қайди муҳоҷират гузоштааст, ошкор шуд.
Ҳарчанд политсия борҳо ба ин сокини шаҳр дар бораи масъулият барои сабти номи тақаллубии шаҳрвандон ҳушдор дода буд, аммо ин зан натавонистааст дар назди фоида истодагарӣ кунад. Бинобар ин ӯ 21 муҳоҷирро дар манзили худ сабти ном кардааст, кӣ онҳо дар ин манзил умуман истиқомат намекардаанд.
Нисбати номбурда бо моддаи "Бақайдгирии тақаллубии шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ дар ҷои будубош дар Федератсияи Россия" парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд. Ин модда то 500 ҳазор рубл ҷарима ё меҳнати маҷбуриро ба 3 сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 3 солро пешбинӣ мекунад, хабар медиҳад Сарраёсати ВКД дар вилояти Самара.