Пулиси Пушкинои вилояти Масква анқариб се ҳафта тоҷикеро ҷустуҷӯ намуда буд, ки дар кӯшиши куштори ду зан ва кӯдаки навзод муттаҳам мешуд.
Ҳодиса дар ҳавлие, канори шаҳраки Пушкин вилояти Маскав, рӯзи 21 январ рух дода буд. Он рӯз як зодаи 54-солаи Тоҷикистон ба аёдати ҳамватанонаш омада ба ин ҷой омада будааст. Ин нафар ду нафар занони шиносашро бо банд баста, хонаро оташ зада фирор мекунад. Аз руи маълумотҳои пулиси ин минтақа, яке аз занҳо кӯдаки навзод доштааст.
Баъдан занон тавонистаанд хонаи оташгирифтаро аз тиреза тарк кунанд. Ҳарду ва инчунин кӯдак бо сӯхтани қисмҳои танашон дар беморхона бистарӣ шудаанд. Тамоми ин муддат ҷинояткори эҳтимолӣ аз политсия пинҳон буд. Ҳоло бошад, боздошт шуда, аллакай гуноҳи худро эътироф кардааст.
Татяна Петрова, сардори хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Россия дар вилояти Маскав, ба хабарнигорон гуфтааст кӣ, "тибқи моддаи “Кӯшиши куштори ду нафар ва ноболиғ” парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд ."
Политсия ангезаҳои ин ҳодисаро муқаррар мекунад. Тибқи як фарзия мард аз рашк ба ин амал даст зада бошад. Аммо худи ӯ ҳанӯз амалашро шарҳ надодааст.