“Интерфакс” иттилоъ додааст, ки шумораи умумии хориҷиёни воридшуда ба Русия 68 фоиз кам шудааст.
Хадамоти марзбонии Россия, ки ба он манбаъ ишора кардааст, хабар дода, ки соли 2020 ба Русия 9 миллиону 600 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ворид шудаанд. Шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли гузашта ба Россия сафар намуда будаанд, 401 ҳазору 800 нафарро ташкил додааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз шурӯъ аз моҳи марти соли 2020 парвозҳои мунтазам байни Россияву Тоҷикистон қатъ гардиданду Россия ворид шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламрави худ манъ намуда буд.
Аз рӯи гуфтаҳои боло бармеояд, ки танҳо дар се моҳи соли гузашта зиёда аз 400 ҳазор тоҷикистониён ба Русия омадаанд. Инчунин, дар рафти суҳбати мустақим бо рӯзноманигорон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд намуда буд, ки бо воситаи рейсҳои чартерӣ 150 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Ватан баргардонида шудаанд.