Хабар

Фурқат Абдуфаттоев то 2 март дар боздоштгоҳ мемонад

Додгоҳи олии Бошқирдистон шикояти кассатсионии Фурқат Абдуфаттоевро бе тағйир гузошта, ӯро озод накард.

Чанд рӯз пеш додгоҳи олии Бошқирдистон парвандаи шаҳрванди Тоҷикистон Фурқат Абдуфаттоевро бозбинӣ намуд, вале шикояти намояндагони номбурдаро конеъ накард.

Чуноне, ки ба “Радиои Муҳоҷир” Консули Генералии Тоҷикистон дар Уфа Саид Эмом Давлат хабар дод, дар ин мурофиа намояндаи Консулгарӣ иштирок намуда буд.

- Ба додгоҳ санадҳо  аз Прокуратураи ҳарбии вилояти Суғд ва аз Хадамоти қушунҳои сарҳадии вилояти Суғд пешниҳод карда шуд. Аз рӯи ин ҳуҷҷатҳо бармеояд, ки Фурқат Абдуфаттоев дар рӯзҳои сар задани ҷанҷоли наздисарҳадӣ дар Россия қарор доштааст. Аммо, додгоҳ ҳукми авваларо бетағйир гузошт ва номбурда то 2-уми март дар боздоштгоҳ тафтишотӣ боқӣ мемонад. Консулгарӣ ин қазияро таҳти контрол нигоҳ медорад, - гуфт номбурда.

Вобаста ба тақдири ин шаҳрванди Тоҷикистон баъди 2 март  Консули Генералӣ гуфт, ки “Онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар бадтарин ҳолат Фурқат Абдуфаттоев ба Тоҷикистон истирдод карда шавад, на ба Қирғизистон”.

Ёдовар мешавем, ки Россия ин шаҳрванди Тоҷикистонро 1-уми феврали соли ҷорӣ  бо дархости Қирғизистон боздошт намуда буд.