Сираи рафтории Пайғамбари Худо(с) он буд, ки ба ҳарки мерасид – ҳатто кудакон – ибтидо ба ӯ салом мекард, бахусус дар мавриди салом кардан ба кудакон мефармуд: “Панҷ сифат аст, ки то зиндаам, онҳоро раҳо нахоҳам кард, яке ҳам салом додан ба кудакон аст, то пас аз ман “суннат” гардад”. (Сафинатул биҳор, ҷ 1, саҳ. 645.)
Ин хислати хуҷаста, аз ахлоқи ҳасана ва руҳияи пок ва тавозуи ӯ сарчашма мегирифт. Инҳо дуруст; вале адаб иқтизо мекунад, ки кучактарҳо ба бузургтарҳо салом кунанд. Дар ҳадис омада аст, ки Пайғамбари Акрам(с) фармуд:
Кучак ба бузург салом кунад,
Як нафар ба ду нафар,
Ва ҷамъияти кам ба ҷамъияти фаровон,
Ва савора бар пиёда,
Ва раҳгузар, бар касе ки истода аст.
Ва истода бар касе, ки нишаста аст. (Мизонул ҳикма, ҷ 4, саҳ. 538.)
Ва албатта ки агар ҷуз ин бошад, нишони тавозуъ нахоҳад буд!
Саломро бояд ошкоро, баланд ва бо садои расо адо кард. Аҳодиси фаровоне омада аст, ки суфориши зиёд дорад, ки саломҳо, расо ва баланд бошад, на зери лаб ва оҳиста ва номафҳум ва ноқис. Ҷавоби салом низ бояд ҳамингуна бошад, яъне баланду возеҳ, то тараф бишнавад.
Агар дар бархурд бо дигарон ё вуруд ба ҷаласа ва ҷамъе, ё расидан ба хона ва маҳали кор, салом бигӯед, вале оҳиста, шояд саломатонро нашнаванд. Бо инки шумо салом додаед, вале ба далели сару садо ё ҷамъ набудани ҳавос ё ҳар омили дигар, саломатонро нашнаванд, шуморо беадаб ва беэътино хоҳанд шумурд ва мутакаббир хоҳанд пиндошт.
Ё агар салом дигареро ҷавоб диҳед; аммо оҳиста ва зери лаб, ба гунае ки нафаҳмад ва нашнавад, шояд пеши худ фикр кунад масъалае, хусумате ва ... пеш омада аст, ё шумо мутакаббир шудаед, ки ҳатто ҷавоби саломашро ҳам намедиҳед ё бо душворӣ ва беалоқагӣ ҷавоб медиҳед.
Роҳи пешгирӣ аз ин бадфаҳмиҳо ва бадгумониҳо, риояти ҳамон дастури динӣ дар муоширатҳо аст, яъне ошкоро салом кардан.
Имом Содиқ(а) мефармояд:
“Ҳаргоҳ яке аз шумо салом медиҳад, саломашро ошкоро бигӯяд. Нагӯед, ки салом додам, вале ҷавобам надоданд”, шояд салом дода аст вале онон нашунида бошанд! Ва ҳаргоҳ яке аз шумо ҷавоби салом медиҳад, ҷавобро ошкоро ва баланд бигӯед, то он мусулмони дигар нагӯяд, ки “салом кардам вале ҷавобамро надоданд!”(Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ. 645.
Агар салом мустаҳаб аст, ҷавобаш воҷиб аст. Албатта бештарин савоб низ аз они касе аст, ки шуруъ ба салом кунад.
Он ки салом медиҳад, посухашро бояд гармтар ва бештар дод, чаро ки салом навъе таҳият ва ҳадя аз сӯи як муъмин аст ва ҳадяро бояд посухи беҳтар ироа дод, то нишони қадршиносӣ бошад. Ва ин таълими Қуръони Карим аст, ки таҳияти дигаронро ба гунаи беҳтар посух диҳед: “Чун шуморо ба дуруде салом доданд, ба дуруде беҳтар аз он ё монанди он посух гӯед”. (Сураи Нисо, ояти 86.)
Гуфтем, ки “мусофиҳа”, “дӯстиовар”, “кудуратзудо” ва “муҳаббатофарин” аст. Мо алоқаи худ ва самимиятро бо даст додан иброз мекунем. Баръакс, агар бо касе кудурат ва душманӣ дошта бошем, аз даст додан бо ӯ парҳез кунем. Ба ҳамин хотир, ин дастури муқаддас ва пурбаракати исломӣ, дар таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ухувват, самарабахш аст.
Имом Боқир(а) фармуд: Ҳар ду нафар муъмине, ки бо ҳам даст бидиҳанд, дасти Худо миёни дасти онон аст ва дасти муҳаббати илоҳӣ бештар бо касе аст, ки тарафи муқобилро бештар дӯст бидорад.(Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ. 179.)
Ва низ имом Содиқ(а) фармуд:Ҳангоме, ки ду бародари динӣ ба ҳам мерасанд ва бо ҳам даст медиҳанд, Худованд бо назари раҳмат ба онон менигарад ва гуноҳонашон, он сон ки барги дарахтон мерезад, фурӯ мерезад, то онки он ду аз ҳам ҷудо шаванд.(Ҳамон, саҳ. 183.)
Даст додан низ, ҳамчун салом, адаб ва одобе дорад. Яке аз онҳо пайвастагӣ ва такрор аст. Дар як сафару ҳамроҳиву дидор, ҳатто чанд бор даст додан низ матлуб аст.
Аз одоби дигари мусофиҳа, фишурдани даст, аз рӯи муҳаббат ва алоқа аст, аммо на дар ҳадде, ки сабаби ранҷишу дард гардад.
Ҷобир ибни Абдуллоҳ мегӯяд: Дар дидор бо Расули Худо(с) бар он ҳазрат салом кардам. Он ҳазрат дасти маро фишор дод ва фармуд: “Даст фишурдан, ҳамчун бусидани бародари динӣ аст”. (Ҳамон, саҳ. 23.)
Ҳамчунин ҳангоми мусофиҳа, тул додан ва дастро зуд ақиб накашидан аз одоби дигари ин суннати исломӣ аст. Дар мусофиҳа, подоши касе бештар аст, ки дасташро бештар нигаҳ дорад.
Пайғамбари Акрам(с) низ ин суннати некуро дошт, ки чун бо касе даст медод, он қадар дасти худро нигаҳ медошт, то тарафи муқобил дасти худро суст кунад ва ақиб бикашад.
Боре ... муҳаббати қалбиро бояд ошкор сохт.
Алоқа, ганҷе нуҳуфта дар дарун аст, ки бояд онро истихроҷ ва ошкор кард, то аз баракоташ баҳра бурд. Равшантарин хайру баракаташ, тақвияти дӯстиҳо ва таҳкими ошноиҳо ва робитаҳо аст. Ба дастури Ислом, “Ҳаргоҳ муъминеро мулоқот мекунед, мусофиҳа кунед, хушруӣ ва чеҳраи гушода ва башшош ва хандон ба ҳам нишон диҳед”. (Мизонул ҳикма, ҷ 5, саҳ. 355.)
Даст додан бо занон
Даст додан бо номаҳрам, ҳаром аст ва сирфи дӯстӣ ва рафоқат ва ошноӣ ва ҳамкор будан ё мулоҳизоти сиёсӣ ва диплумосӣ дар сафарҳои хориҷи ва дидорҳои расмӣ, далел намешавад, ки касе бо номаҳрам ва аҷнабӣ, мусофиҳа кунад. (Канзул уммол, ҳадиси 475.)
Расули Худо(с) фармуд: “Бо занон даст намедиҳам” (албатта занони номаҳрам). Ва дар ҳадиси набавии дигаре омада аст:
“Агар зане бихоҳад бо марди номаҳрам даст бидиҳад ва ночор бошад, ё бихоҳад бо ӯ “байъат” кунад, аз пушти либос (ва бо вуҷуди ҳоил ва пушиши даст, дасткаш) монее надорад.
Хайриддин Абдуллоҳ