Хешовандон, иртибои хунӣ бо ҳам доранд. Шоху баргҳои як дарахтанд ва гулҳои як бустон. Пас, иртиботашон ҳам табиӣ аст ва қатъи робита ва рафту омад миёни ақвом, як бемории иҷтимоӣ ва “офати хонаводагӣ” ба ҳисоб меояд ва агар бедалел бошад, зишт ва норавост. Агар далеле ҳам дошта бошад, қобили рафъ ва шоистаи таҷдиди робита аст.
Ҳазрати Алӣ (к) мефармояд:
Пайванд бо хешовандон (силаи раҳим) муҳаббат меоварад.(Ғурарул ҳикам )
Равшан аст, ки қатъи ин робита ҳам, сардӣ ва кудурат ва ҷудоии дилҳоро дар пай дорад.
Суфориши акидаи дин, бар ин аст, ки ҳатто бо онон ки бо шумо бурида ва қатъи робита кардаанд, силаи раҳм ва таҷдиди робита кунед ки ин, навъе исор ва гузашти фавқулода металабад.
Маҳдудаи ин пайванд низ густарда аст ва ҳар баҳонаро аз дасти инсон мегирад. Имом Содиқ (р,ҳ) мефармояд:
Силаи раҳим кунед, ҳарчанд дар ҳадди хурдани ҷуръаи обе бошад. (Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ. 151. )
Дар ҳадиси маъруфи дигаре омада аст: Ҳарчанд бо салом гуфтан, бо хешовандон пайванд барқарор кунед.
Ончи гоҳе монеи рафту омадҳои хонаводагӣ ва дидорҳои хешовандон ё дӯстон мешавад, таваққуоти боло, ҳазина ва махориҷ, муатталии рафту баргашт, вақт надоштани афрод ва ... аст. Аммо агар ба ҳадди ақал ҳам розӣ бошем ва лаҳзаи нишастан ва ҳоле пурсидан ва обу чойе хурдан ва бархостан, ё аз ҳамон дами дар салом кардан ва ҷӯёи ҳол шудан ва баргаштан ҳам бошад, “силаи раҳм” бештар ва иртиботҳо қавитар хоҳад гашт.
Осор ва натоиҷ
Ин навъ пайванд, фавоиди бисёр ва осори дунявӣ ва ухравии фаровоне дорад, ки дар аҳодиси бисёр ба он таваҷҷуҳ шуда аст, танҳо ба ду намунаи зер, басанда мекунем:
Ҳазрати имом Боқир (р,ҳ) фармуда аст:
Силаи раҳм, “аъмолро” пок, “амвол”-ро афзун, балоҳоро дафъ, ҳисобро осон мекунад ва “аҷал”ро ба таъхир меандозад.(Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ. 150. )
Ҳамчунон, ки мебинед, натоиҷи ёдшуда, бархе ба умури дунявӣ марбут аст. Бархе ҳам натоиҷи ухравӣ ва подошҳои илоҳиро нисбат ба ин амал, бозгӯ мекунад.
Ин кори нек ва сода, он қадар созанда ва муфид аст ва ончунон мавриди ризои Парвардигор, ки гоҳе тақдири илоҳӣ ба хотири он дигар мешавад ва Худованд ба подоши ин амали некӯ, бар умри касе меафзояд. Дар муқобил, қатъи робитаҳо ва буридан аз хешовандон, ба ҳадде шум ва нафратбор ва дар назари Худованд, нописанд аст, ки умрро мекоҳад.
Ба ин ҳадиси такондиҳанда таваҷҷӯҳ кунед: Устод ва пири ҳазрати имом Абуҳанифа (р,ҳ) ҳазрати имом Содиқ(р,ҳ) фармуд: “Мо чизеро ҷуз “силаи раҳм” суроғ надорем, ки умрро зиёд кунад, то нҷо ки гоҳе то замони марги як нафар, се сол монда аст, вале ӯ аҳли силаи раҳм мешавад. Онгоҳ Худованд, си сол бар умраш меафзояд ва сиву се соли дигар зинда мемонад. Ва гоҳе аҷали касе сиву се сол аст, ба хотири қатъи раҳм ва гусастани робитаҳои хешовандӣ, коҳиш меёбад ва аҷалаш сари се сол фаро мерасад. (Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ. 152, ҳадиси 17.)
Ҳадд ва марзи силаи раҳим
Ин адаби муошират, ихтисос ба бастагони пок ва ботақво надорад. Як вазифаи ахлоқӣ аст, ҳатто нисбат ба онон ки аҳли гуноҳанд.
Чи басо ба баракати рафту омадҳои бастагони солеҳ, фоҷирон ҳам роҳи салом пеш гиранд ва таъсир бипазиранд. Гоҳе тарки муровида ва рафту омад, сабаб мешавад, ки бастагони маъсияткор, дар гуноҳ ва бероҳаи худ, бештар пешравӣ кунанд вале ҳифзи робита, ҷилави бадтар шудани ононро мегирад. Пас нигаҳбонӣ аз ин хатти иртибот ва пайванди хешовандӣ як амри зарурӣ аст.
Шахсе аз имом Содиқ(р,ҳ) пурсид: Бархе хешовандонам хатту тафаккури дигаре доранд, ғайр аз фикру мароме, ки ман дорам. Оё онон бар ман ҳаққу ҳуқуқ доранд? Ҳазрат фармуд: оре, ҳаққи қаробат ва хешовандиро чизе қатъ намекунад. Агар бо ту ҳамфикр ва ҳамақида бошанд, ду ҳақ бар ту доранд: яке ҳаққи хешовандӣ, дувум ҳаққи Ислом ва мусулмонӣ. (Мизонул ҳикма, ҷ 4, саҳ 83. ).
Ҳатто агар бастагон, мояи озори инсонро ҳам фароҳам кунанд, боз ҳаққи гусастани пайвандро надорем. Дар ҳадис омада аст:
Марде хидмати Расули Худо(с) омад ва арз кард: Ё Расулаллоҳ(с)! Ман хешованде дорам, ки ман бо онон пайванд барқарор мекунам ва робита дорам, аммо онон озорам медиҳанд. Тасмим гирифтаам ононро тарк кунам. Ҳазрати Расули Акрам(с) фармуд: Онгоҳ, Худо ҳам туро тарк мекунад! ...
гуфт: Пас чи кунам? Расули Худо(с) фармуд: Ба касе, ки маҳрумат карда аст, ато кун, бо касе ки аз ту бурида аст, робита барқарор соз, касе ки бар ту ситам карда аст, аз ӯ даргузар. Ҳаргоҳ чунин кардӣ, Худованд пуштибони ту хоҳад буд. (Биҳор, ҷ 71, саҳ. 100.)
Аз ҳазрати Алӣ(к) нақл шуда аст, ки фармуд:
Бо хешовандонатон пайванд ва рафту омад дошта бошед, ҳарчанд онон бо шумо қатъи робита карда бошанд.
Суннати “силаи раҳим”, аз некутарин барномаҳои динӣ дар доираи муошират аст. Гарчи шакли нави зиндагӣ ва машғалаҳои зиндагиҳои имрӯзӣ, гоҳе фурсати ин барномаро аз инсонҳо гирифта аст, вале ҳифзи арзишҳои динӣ ва суннатҳои судманд ва решадори динӣ, аз авомили таҳкими робитаҳо дар хонаводаҳо аст. Бавижа дар муносибатҳои миллӣ, дар идҳо ва вафотҳо ва оғози соли нав, фурстаҳои табиӣ ва муносибе барои амал ба ин “суннати динӣ” аст.
Бошад, ки бар дастуруламалҳои дин дар буъди иҷтимоӣ ва хонаводагӣ, вафодор бимонем ва сафои зиндагиро дар сароби ғарбзадагӣ ва тақлиди “фарҳанги бегона” набозем.
Диду боздид
Ончи руҳияҳоро шодоб ва зиндагиҳоро босафо месозад, “дидор” аст. Чи дидорҳои дӯстона, чи хешовандона! Бавижа агар дар дидорҳо, суханони дилнишин гуфта шавад ва хотироти ширин ва ҳамфикрӣ дар масири гушоиши мушкилот.
“Зиёрат”и бародарони динӣ рафтан ва “дидори муъминон”, мавриди суфориши авлиёи дин аст; ки ҳам робитаҳоро устувортар месозад, ҳам муҳаббатҳоро меафзояд, ҳам кудуратҳоро мезудояд, ҳам нишот меоварад ва ҳам Худо ва Расулро хушҳол месозад; ва чи кори неке беҳтар аз ин? ...
Баҷост, ки ингуна дидорҳо ба хотири Худо ва бо ангезаи хулуси амал ба суннати дин бошад, на рӯи тамаъҳои дунявӣ ва ангезаҳои моддӣ ва судгароёна ва савдогароёна!
Баҳраҳои дидор
Муносиб аст дар сояи мулоқотҳо ва диду боздидҳо, хонаводаҳо ва афрод, аз дардҳо, ниёзҳо ва мушкилоти якдигар огоҳ шаванд ва дар ҳадди тавон, дар рафъи онҳо бикушанд. Машварат, ҳамдилӣ ва ҳамдардӣ, гушае аз ин баҳарҳо аст.
“Хайсама” мегӯяд: Хидмати имом Боқир(р,ҳ) расидам то бо он ҳазрат худоҳофизӣ кунам. Имом фармуд: “Эй Хайсама! Ҳар кадом аз дӯстону ҳаводорони моро дидӣ, саломи моро ба онон бирасон ва ононро ба тақвои илоҳӣ тавсия кун ва суфориш кун, ки тавонгаронашон ба фақирон сар бизананд, тавонмандон ба нотавонон саркашӣ накунанд, зиндагон дар ташйиъи ҷанозаи мурдагон ширкат кунанд, дар хонаҳои ҳам, якдигарро дидор кунанд. Ингуна дидорҳо сабаби эҳёи амри мо мегардад.”(Ахлоқи муошират.Саҳ,40.)
Агар дидорҳо, чунин баракатҳое надошта бошад, ҷуз итлофи вақт ва сармоя чизе нест!
Вақте ҷамъе даври ҳам менишинанд ва соатеро ба суҳбат мегузаронанд, дар ҷамъбандии поёнӣ, агар диданд аз он ҳама суҳбат, чизе на дар ёд монда аст, на суде ба каф омада аст ва на мушкиле баратараф шуда аст дареғ аз он итлофи фурсат! Аммо агар баҳсҳои илмӣ ва иҷтимоӣ, ба равшангарии афкор кумак кунад, нақли хотирот ва саргузаштҳо, барои дигарон ибратомуз ва роҳгушо бошад, бозгӯии ҳолоти дигарон, ҳисси ҳамдардӣ ва кумакрасониро тақвият кунад, инҷост ки мулоқот, ба баҳраварӣ расида аст.
Хайриддин АБДУЛЛОҲ