Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ оид ба самбо доир гардид, ки дар он варзишгарони аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД фаъолона ширкат варзиданд. Дар мусобиқаи мазкур гӯштингирони тарзи самбо аз мактабҳои варзишӣ ва варзишгарони хоҳишманд аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷамъ омада, барои ғолибият байни ҳам рақобат намуданд.
Варзишгари машҳури ҷумҳурӣ Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кг, Сорбон Латипов дар вазни 62 кг ва Одил Сафаров дар вазни беш аз 100 кг ҷойи аввали мусобиқаро мушарраф гардиданд. Ҳамин тариқ, Фирдавс Насимов дар вазни то 100 кг ҷойи дуюм, Олим Назриев дар вазни 62 кг, Ҷаҳонгир Авазов дар вазни 74 кг ва Шарифҷон Назриев дар вазни то 100 кг мақомҳои сеюмро ноил гардиданд. Ғолибони мусобиқа аз ҷониби кумитаи тадорукотӣ бо медалу Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.