Аз мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасону ҷавонон, ки дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ анҷом ёфт, паҳлавонони тоҷик бо касби 4 медал ба Ватан баргаштанд.
Дар ин бора за Федерацияи самбои Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба маълумоти сарчашмаи хабар, варзишгарони ҷавони тоҷик 1 ҷойи дуввум ва 3 ҷои сеюмро касб карда, мутаносибан сазовори 1 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ шуданд.
Бояд гуфт, ки мусобиқоти ҷаҳонии самбо миёни наврасон бо ширкати намояндагони 30 кишвари дунё ҳам аз ҳисоби мардон ва ҳам аз ҳисоби занҳо аз 8-ум то 12 -уми октябр идома кард.
Варзишгари тоҷик Фирдавс Насимов дар вазни то 81 кг сазовори медали нуқраи ин сабқати ҷаҳонӣ гардид.
Ҳамчунин Муҳаммад Зоидов дар вазни то 74 кг, Муҳаммадризо Қурбонов дар вазни зери 87 кг ва Хуршед Маҷидов дар вазни аз 87кг боло нишонҳои биринҷӣ ба даст оварданд.