29 Апреля 2017
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Зарурати таъсиси як созмони умумироссиягии тоҷикон дубора ба миён меояд Избранное

Зарурати таъсиси як созмони умумироссиягии тоҷикон  дубора ба миён меояд

Дар мулоқот бо Президети Точикистон
Як гурӯҳ роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони минтақаҳои гуногуни Россия сешанбеи 15 октябр аз сӯи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе пазируфта шуданд.
Тавре, ахиран хадамоти матуботи Президенти Тоҷикистон хабар дод, дар ин мулоқот беш аз 20 нафар сарварони ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзии қаламрави Россия ширкат намуда, аз бурду бохт, дастоварду зисту зиндагонии муҳоҷирини кории тоҷик сӯҳбат намудаанд.
Дар нишаст аз ҷумла қайд гардид, ки муҳоҷирини тоҷик аксаран бо меҳнату заҳмати бенуқсони худ дар миёни мардуми таҳҷоӣ мавқеву манзалати хосса касб кардаанд ва ҳамчунин пеши ҳукуматҳои Тоҷикистону Россия низ нуфузи чашмгиреро низ пайдо кардаанд.
Бояд гуфт, ки аз раванди фаъоли муҳоҷирати корӣ, бахусус муҳоҷирати ҳадафмандонаву нақшавӣ ҳам кишвари содиркунандаи нерӯи корӣ ва ҳам кишвари кордиҳанда, яъне Россия манфиатҳои ҷиддиеро ба худ касб хоҳад кард.
Аз ин рӯ, ҷониби Тоҷикистон барои танзими раванди муҳоҷират, ташаккули муҳоҷирати нақшавиву ҳадафмандона, ҳимои ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонаш, ки барои муҳоҷирати меҳнатии мавсимӣ мераванд, аз ҳисоби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Намояндагии ин ниҳодро дар Россия бо теъдоди аъзами кормандон фаъол кардааст, ки ҳамарӯза барои ҳалли мушкилоти ҷории муҳоҷирин, бахусус ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ, ситонидани ҳаққулзаҳмати онҳо, ва дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳояшон бо истифода аз фишангҳои қонунҳои ҷории кишвари иқомат таъмини ҳуқуқҳои онҳо машғул мебошанд.
Аз сӯи дигар, фаъолиятҳои ҷамъиятҳои тоҷиконро дар ФР Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар ҳамоҳанг карда, барои рушду нигоҳдории фарҳангу суннати қадимаи тоҷикон хизмати арзандае карда истодааст.
Дар ҳамин ҳол Муҳаммадназар Мирзода, Консули ифтихории Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград ба хабарнигори «Тоҷикони Россия» иброз дошт, ки феълан танҳо дар соҳаи тиб наздики 50 нафар олимони тоҷикон меҳнат мекунанд, ки аз обруву нуфузи зиёде миёни мардум ва роҳбарияти шаҳру вилоят бархурдоранд. Аллакай қисми зиёди онҳо аз сӯи шаҳрдорӣ бю хонаҳои истиқоматӣ таъмин карда шудаанд.
-Масъалаи дигаре, ки ман тавонистам дар сӯҳбат бо Президенти Тоҷикистон матраҳ кардам ин масъалаи бунёди оила бо шаҳрвандони кишварҳои дигар буд, ки ба он таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардид, - Н. Мирзода.
Масъалаи гаравидани муҳоҷирини тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ яке аз масъалаҳои асосие буд, ки дар сӯҳбат бо президент мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мо, сарварони ҷамъиятҳои тоҷикон ба ин кор бояд таваҷҷӯҳи ҷиддӣ равона кунем. Мардумро ба меҳнати софдилона, эҳтироми ному фарҳанги миллат даъвату роҳнамоӣ кунем, -гуфт сарвари ҷамъияти тоҷикони вилояти Твер Муқим Майбалиев.
Ҳамчунин барои боз ҳам беҳтар кардани шароити кории муҳоҷирини корӣ масъалаи омӯзиши забон, анаъанаву русуми мардуми маҳаллӣ ва касбомӯзии онҳо дар ин нишаст ибрози назар карда шуд.
Қайд карда шуд, ки фазои хуби иқомату кори муҳоҷирин тоҷик пеш аз ҳама аз дараҷаи тахассус ва донистани забон, риояти ананаву тартиби зисти мардуми маҳаллӣ вобаста мебошад.
Аз ин рӯ зарурати таъсиси курсҳои забономӯзӣ ва касбомӯзии муҳоҷирони эҳтимолӣ дар қаламравӣ Тоҷикистон қайд карда шуд.
Ҳамчунин сарварони ҷамъиятҳои тоҷикон зарурати таъсиси як созмони умуируссиягии муҳоҷирини кориро таъкид доштанд.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ин пешниҳодро хуш пазируфта, қайд кард, ки барои сарҷамъу муттаҳид кардани тоҷикони бурунмарзӣ, барҳам задани ихтилофу зиддиятҳои миёни ҷамъиятҳо ин созмон метавонад нақши муҳим дошта бошад.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки тоҷикони бурунмарзӣ бо маданияти воло, меҳнати софдилонаву бовиҷдонона, эҳтироми суннатҳои мардуми маҳаллӣ ва ҳамзамон рушди фарҳанги миллӣ обруву нуфузи Тоҷикистон ва миллати тоҷикро боз ҳам боло хоҳанд бардошт.

Последнее изменениеСреда, 14 Январь 2015 12:09
Наверх