29 Апреля 2017
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

«Студент» аз имтиҳони тафтишот нагузашт Избранное

«Студент» аз имтиҳони тафтишот нагузашт

Тафтиши парвандаи яке аз қотилони Салоҳиддин Азизов, ҷавони навхати 22 солаи тоҷик, ки аз сӯи аъзои як гурӯҳи миллатгаро соли 2008 дар вилояти Москва ба таври ваҳшиёна қатл карда, сараш аз танаш ҷудо карда шуда буд, бо номи Иля Горячев аз сӯи Кумитаи тафтишоти Русия ба поён расидааст.
Ёдовар мешавем, ки Иля Горячев, бо лақаби “Студент” яке аз идеологҳои маъруфи миллатгаро шинохта шуда буд, созмони бегонаситези “Русский образ” -ро таъсис дода, дар мубориза бо мардуми омад, рушди бегонабадбинӣ ва бартарият додан ба мардуми славян пешгом будааст.
Баъдан ба созмон дигари ифротии миллатгаро бо номи “Боевая организация русских националистов» (БОРН) пайваста, дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои вазнин - қатли jдамон дар заминаи адовати қавмиву миллӣ гумонбар дониста мешуд.
Иля Горячев, бино ба маълумотҳо, дар ташкили чорабиниҳои бегонаситезӣ, аз қабили ташкили ҳамоишҳои эътирозии “Русский марш”, ки ҳамасола дар пойтахти Русия доир мешавад, мақоми хос доштааст.
Ҳамчунин “Студент” бо ҳамроҳонаш Никита Тихонов, Евгения Хасис, Алексей Коршунов, ки қаблан корманди мақомоти амнияти Русия буд, ва чандеи дигар ба куштори ваҳшиёна ду ва зиёда нафар, яз ҷумла журналисти шинохта Анастасия Бабурова, муҳоҷири корӣ, шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов, адвокат Станислав Маркелов, муборизони зидди фашизм Федор Филатов ва Иля Ҷапаридзе ва чанд нафари дигар гумонбар буда, баъди боздошти яке аз саркардагони БОРН Никита Тихонов ва ҳамсари ӯ Евгения Хасис, ки дар маҳбас ба додани шоҳидӣ бар зидди дигар аъзои гурӯҳи ҷиноӣ ва кашф кардани ҷиноётҳои ваҳшиёнаи онҳо бо тафтишот шарнома кард, як - як дастгир карда шуданд.
“Студент” бошад баъди чанд соли фирор ба Сербия, ниҳоят моҳи майи соли гузашта аз сӯи мақомоти ин кишвар боздошт ва ба ҷониби Русия таслим карда шуд.
Дар ҳамин ҳол, вакили дифои Иля Горячев Николай Полозов дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ чанд рӯз қабл аз “Студент” пуштибонӣ карда гуфтааст, ҳамаи иттиҳомот алайҳи ӯ бофта мебошанд.
-Горячев як сиёсатмадори қавмгарост, на қотил. Горячев ба ҳайси раҳбари «Русский образ» хеле фаъолона дар ташкили консертҳо барои «Русский марш» ва ҳамин тавр, дар маъракаҳои сиёсии таҳти назари Кремл ширкат мекард. Ва шаҳрванди тоҷик Салоҳиддин Азизовро на Горячев, балки Никита Тихонов ва Алексей Коршунов - ду узви дигари БОРН куштаанд, -менависад Радиои Озодӣ аз қавли Полозов, вакили дифои “Студент”.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 24 сентябр, Додгоҳи шаҳрии Маскав ҳукми худро нисбати сарвари гурӯҳи БОРН Никита Тихонов эълон дошта, ӯро барои содир намудани 6 куштор ва 2 ҳолати кӯшиши куштор муҷрим донист ва барои 18 сол равонаи зиндон кард.
Дар ҷаласаи додгоҳӣ Никита Тихонов тамоми гуноҳҳои худро иқрор карда, даст доштанаш дар кушторҳоро дар заминаи адовати қавмиву нажодӣ эътироф намуда, алайҳи дигар аъзои созмон нишондод додааст. Аз ҷумла, дар мурофиаи додгоҳӣ Тихонов иқрор кардааст, ки ташкилкунандагони қатли шаҳрванди Тоҷикистон С. Азизов маҳз Иля Горячев буда ва ҳамчунин силоҳи барои куштори адвокат Маркелов ва рӯзноманигор Бабурова истифодашударо Горячев дастрас карда будааст.
Ёдовар мешавем, ки Тихонов то ин дам барои куштори адвокат Маркелов ва журналист Бабурова ба ҳукми абад маҳкум шуда буд.
Ҳамакнун додгоҳи шаҳрии Маскав дар асоси нишондодҳои Тихонов нисбати чор узви дигар ин созмон ҷаласаҳои додгоҳӣ доир намуда, ба баррасии парвандаҳо нисбаташон шурӯъ хоҳад кард.
Ҳамчунин додгоҳи шаҳрии Маскав гуфтааст, баррасии парванда дар нисбати Иля Горячев, яке аз омилони аслии қатли шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳуддин Азизов, баъди ошноии ӯ ва вакили дифоаш аз парванда шурӯъ хоҳад шуд.
Вале Тихонов баъди маҳкум шуданаш ба ҳабси абад шаҳодат дод, ки ташкилкунандаи куштор Горячев буд ва туфангчаеро, ки аз он Маркелов ва Бабуроваро куштанд, маҳз Горячев ба ӯ дода буд.
Дар бораи куштори Салоҳиддин ҷавонмарг, ки ҳазорон орзуяшро нобаҳангом ба хок бурд, аз ҷумла дар парвандаи ҷиноӣ гуфта шудааст, ки бо нишондоди боздоштшудагон, куштор 6- уми декабри соли 2008 бо ширкати Коршунов А.С., Паринов А.И., Тихонов Н.А., Горячев И.В. ва дигар узви БОРН бар асосҳои адовати қавмӣ ва ситезҳои идеологӣ бо истифода аз як корд, як корди мачете ва пистолети травматикии тамғаи «Оса» дар ҷангале дар ҳудуди ноҳияи Ленинои вилояти Москва сурат гирифтааст.
- Вақте Салоҳиддин, як муҳоҷири бечора баъди он ки аз зарба беҳуш мешавад, аъзои гурӯҳ сари онро аз танаш ҷудо мекунанд. Ва баъдан онро ба хонаи Тихонов меоранд ва дар яхдон чанд рӯз нигоҳ дошта, сипас бо нашри чанд баёнияҳои сиёсӣ сари муҳоҷири бечораро ба назди маъмурияти шаҳри Можайск бурда меовезанд, навишта буд, “Независимая газета”.
Ёдовар мешавем, ки Салоҳиддин Азизов ва Ҷамоллидин Алиев, ду муҳоҷири кории тоҷик, шаби 6 декабри соли 2008 вақти бозгашт аз кор дар ҷангал мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор мегиранд. Салоҳиддин баъди тир хӯрдан меафтад ва аммо Ҷамолиддин, ки умраш боқӣ будаасту аҷал амонаш додааст, бо вуҷуди расидани тир тавонистааст аз ҷои ҳодиса фирор кунад ва аз ҳодиса дигар ҳамватанонро хабардор созад. Баъди чанд рӯзи пайдо намудани ҷасади бе сари Салоҳиддин, сари ӯро аз дохили қуттии ахлот пайдо намуда буданд.
Он замон БОРН – (Созмони ҷангии қавмгароёни рус) сармаст аз ваҳшонияти худ ва бо як нотарсии бемисл расми сари муҳоҷирро, ки на бадие ба касе карда буд, ва на садди роҳи амали ягон нафар аз ин бадсириштон шуда буд, ба чанд созмони ҳифзи ҳуқуқ фиристода, расман масъулияти куштори Салоҳиддинро ба дӯш гирифта буд.
Аз куштори ин муҳоҷири кории тоҷик анқариб 7 сол мегузарад, ва ин навбат ҷои шодмонист, ки омилони ин куштор ҷазои сазовор мегиранд.
Аммо, ҷони рафтаи ин навҷавонро дигар бозгардонида ва орзуҳои бахокбурдаашро амалӣ карда намешавад...
Худо ҷои дар ғурбат рафтагонро ҷаннат гардонад!

 

Последнее изменениеВторник, 13 Январь 2015 14:49
Наверх