15 Декабря 2018
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Садамаи метрои Москва, марги тоҷикбачаҳои писарамак ва назари расмии Сафорати Тоҷикистон Избранное

Садамаи метрои Москва, марги тоҷикбачаҳои писарамак ва назари расмии Сафорати Тоҷикистон

15 июли соли равон дар ҳоле, ки қатори метрои зерзаминии Москва бо суръати 70 километр дар соат ҳаракат мекард, 3 вагон дар байни истгоҳҳои «Славянский Булвар» ва «Парк Победы» аз хат берун омада, дучори садама гардид.
Мегӯянд, дар таърихи 79 солаи метрои Москва бори аввал чунин ҳодисаи мудҳишу маргбор рух додааст, ки дар натиҷаи он 23 нафар ҷон додаанду 129 нафари дигар дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд. Ҷароҳати аксари онҳо ҷиддист. Бино ба гузоришҳо 6 нафари кушташудагон шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, яъне 2 нафар аз Тоҷикистон, 2 нафар аз Чин, як қирғизистонӣ ва як молдован мебошанд. Тоҷикистонихо Ҳаитов Бӯрӣ Абдуҷалилович, санаи таваллудаш 21 декабри соли 1989 ва Мавлонов Бахтиёр Қурбонович, санаи таваллудаш 17 октябри соли 1989 будаанд, ки тобуташон ба Ватан фиристода шуд. Ҳаводиси баъди дар атрофи ин қазияро намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Россия Муҳаммад Эгамзод чунин шарҳ дод:
Бино бар гузориши пулиси Москва, як гурӯҳ ашхоси номаълум назди бинои Хадамоти консулгарии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия омада, кӯшиши оростани гиридиҳамоӣ намудаанд, ки ин икдом дар асоси талаботи қонун ва мувофиқа намудан бо мақомоти русӣ, роҳандозӣ нашудааст.
Гузашта аз ин, Сафорат ягон муроҷиат ва ё талаботи мантиқии ин гурӯҳи шаҳрвандонро дастрас накардааст. Ҳол он ки мо ҳамеша омодаем, бо ҳамаи табақаҳои шаҳрвандонамон дар қаламрави кишвари иқомат, новобаста аз мақоми иҷтимоӣ, назар ва мавқеи сиёсиву шаҳрвандияшон мулоқоту гуфтугӯ намоем.
Агар сухан дар мавриди ёрии пулии ҷониби русӣ ба фавтидагон ва зарардидагони садама дар метрои Москва бошад, чуноне ки дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет бар он ишора мекунанд, ин кор дар доираи салоҳияти мақомоти марбутаи ҷониби Россия мебошад. Тибқи маълумоте, ки мо дорем, танҳо дирӯз Раёсати ҳимояи иҷтимоии аҳолии Ҳукумати шаҳри Москва қабули ҳуҷҷатҳои зарардидагон ва намояндагони ашхоси дар ин садама фавтидаро оғоз намудааст, ки он дар доираи тартиботи муайян мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба ҳамаи онҳо новобаста аз макони зист ва тобеъияти шаҳрвандияшон, дода хоҳад шуд. Чуноне пештар Ҳукумати шаҳри Москва хабар дода буд, хонаводаҳои ашхоси дар ин садама фавтида- 1 миллион рубл, нафарони ҷароҳати вазнин бардошта- 500.000 рубл, ҷароҳати миёна- 250.000 рубл ва ҷароҳати сабук бардошта- 50.000 рубли русӣ аз буҷаи шаҳр кӯмакпулӣ дарёфт хоҳанд кард.
Сафорати Тоҷикистон расман изҳори омодагӣ намуд, ки агар дар ҳуҷҷатгузории ин раванд мусоидат ва кӯмаки мо зарур ояд, вориди ҷараён хоҳад шуд. Гузашта аз ин, шахсан Сафири Тоҷикистон дар Росия Имомуддин Сатторов ҳангоми боздид аз аҳволи шаҳрвандони ҷароҳатбардоштаи Тоҷикистон дар ин садама дар бемористонҳои пойтахт ва ҳангоми мулоқот бо сардухтурони ин муассисаҳои табобатӣ, таъкид бар он намуд, ки дар ин раванд Сафорат ба шаҳрвандони кишвар ҳамаҷониба кӯмак хоҳад кард. Қазияи садамаи метрои Москва, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон низ фавтидаву ҷароҳат бардоштаанд, дар мадди назари ҷиддии роҳбарияти Сафорат қарор дорад.
Метавон ёдовар шуд, ки Хадамоти консулгарии Сафорат, аллакай ба наздикони хонаводаи ду шаҳрванди фавтидаи Тоҷикистон дар масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ кӯмак намуда, дар масъалаи тайёр ва ҷамъ намудани мавод ва ҳуҷҷатҳои лозима ҷиҳати дарёфти ин кӯмакпулии Ҳукумати шаҳри Москва изҳори омодагӣ намудааст.
Бинобар ин, бо истифода аз фурсат, мехоҳем ба самъи ҳамватанонамон, бирасонем, ки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсяи Росия феълан самти корро дар тамоми соҳоти ҳамкориҳо бо Федератсияи Росия, аз ҷумла дар бахши сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳанги пурзӯр намудааст. Дар баробари ин, ҳоло ҳозир дар ҳарду биноҳои Сафорат ва Хадамоти консулгарии он корҳои таъмиру азнавсозӣ бо вусъат идома доранд, ки ин пеш аз ҳама барои беҳтар намудани шароити қабул ва хидматгузории шаҳрвандонамон равона шудааст.

Последнее изменениеВторник, 13 Январь 2015 07:31
Наверх