20 Апреля 2019
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хатарҳои эҳтимолии боришоти нимаи дуюми моҳи апрел ҳушдор медиҳад Избранное

 

Без названия 1

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони Тоҷикистонро ҳушдор додааст, ки нимаи дуюми моҳи апрели соли равон дар ин кишвар ҳавои ноустувору боронӣ дар назар дошта шудаасту  дар минтақаҳои куҳӣ ва наздикӯҳӣ боронҳои пуршиддат вазъро ногувор месозанд.

Шиддати борон дар минтақаҳои кӯҳистонӣ ва ё теппаҳо боиси фарсоиши хок  ва ҳаракати он мешавад, сатҳи об дар рӯдхона, обанборҳоро боло мебарад ва сабагори зарар дидани хати соҳили дарёҳо ва кӯлҳо мешавад. Бар асари боронҳои пуршиддат хавфи омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг меафзояд. Дар ин рӯзҳо рондани рамаҳо ба манотиқи кӯҳӣ ва ҷойҳо селрав хатари бештар дорад.

 Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар тавсия намедиҳад, ки дар чунин рӯзҳо ба соҳили рӯдхонаҳо ва ё моҳидорӣ раванд. Кумита аз шаҳрвандон  бо эҳтиром хоҳиш мекунад бехатарии шахсии худро риоя кунанд, дар ин рӯзҳо ба кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо сайругашт, ҷамъоварии занбурӯғҳо ва дигар рустаниҳои дорувор нараванд. Бахусус, кӯдаконро бе назорат нагузоред ва ба ҳар амали онҳо бештар мутаваҷҷеҳ бошед.

КҲФ инчунин ба шаҳрвандоне, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ зиндагонӣ мекунанд, тавсия медиҳад, ки барои эҳтиёт мӯзаҳои резинӣ дошта бошанд, ҳамеша бо худ телефонҳое, ки дорои алоқаи устувор ҳаст, нигоҳ доранд, дорухонаи хонаводагиро бо доруҳои зарурӣ таъмин намоянд.

Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад сари вақт чӯйборҳо ва обравҳои назди хонаҳои худро тоза нигоҳ доранд, то онҳо аз партовҳо тоза бошанд.  

Наверх