20 Апреля 2019
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Аз расадхонаи Абумаҳмуди Хуҷандӣ то кӯдакистон бо арзиши 5 миллион сомонӣ Избранное

56997554 2042928189342337 3811571488499171328 n

Дар шаҳри Хуҷанд Расадхонаи Абумаҳмуди Хуҷандӣ, ҳавзи шиноварӣ барои мактаб ва кӯдакистон бо арзиши 5 миллион сомонӣ бунёд мешавад.

Бино ба иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Маъмур Юсуфов шаҳрдори Хуҷанд  Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади ошноӣ аз раванди сохтмони иншооти таъиноташ гуногун, аз маҳалли якчанд иншооти дар шаҳр бунёдшаванда боздид намуд.
Маъруф Муҳаммадзода нахуст бо раванди корҳои азнавсозии Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ошно гардид. Дар ин боғ аллакай бунёди пояҳои панҷараҳои атрофи он оғоз гардида, корҳои хатти обрасонӣ ба анҷом расида, ҳамворкунии майдон бо тартибдарории он ва оғози бунёди фаввораҳои боғ ҷараёни тоза касб намудааст. Суръати корҳо дар бунёди расадхонаи Абӯмаҳмудӣ Хуҷандӣ низ ба чашм мерасад.

Маъруф Муҳаммадзода дар маҳаллаи Чашмаи Арзанаи Хуҷанд бошад, аз рафти корҳои таъмиру таҷдид ва васеънамоии роҳи кӯчаи Саиднофеъ Саидвалиеви шаҳри Хуҷанд шинос гардид. Роҳбари шаҳр ба роҳбарони сохторҳои КВДК “Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ”-и шаҳр дастур дод, ки бо мақсади ба талаботи замони муосири шаҳрсозӣ мутобиқ намудани роҳҳои канории шаҳр, аз ҷумла дар ду канори кӯчаи Саиднофеъ Саидвалиеви даромади маҳаллаи Чашмаи Арзана пайроҳаҳо бунёд намоянд ва тадбирҳои муҳим, аз ҷумла ҷуйборҳои обгузар, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва чароғонкунӣ пурра амалӣ карда шаванд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд аз ҷараёни сохтмони ҳавзи шиноварӣ барои муассисаи таълимии мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хучанд боздид намуд. Тавре, ки маълум гардид, қисми бештари корҳои сохтмонии иншоот ба анҷом расида, корҳои васлкунии таҷҳизоти зарурӣ идома дорад. 
Раиси шаҳр ҳамзамон дар маҳаллаи Сари баландии шаҳри Хуҷанд аз раванди азнавсозии кӯдакистони №3 ошноӣ пайдо намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар замони Иттифоқи Шӯравӣ кӯдакистони №3 ба ҳолати садамавӣ афтода буд. Аз баракоти Истиқлолияти давлатӣ аст, ки имрӯз бинои наву замонавии кӯдакистон бо харҷи маблағҳои буҷаи маҳаллӣ сохта шуда истодааст. 
Бинои нави кӯдакистони мазкур аз се ошёна иборат буда, таҳхона низ дорад. Он барои 320 нафар кӯдак пешбинӣ гардида, ҳудуди кӯдакистон боз ҳам васеъ мегардад. Фармоишгари сохтмон идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд буда, бо сарфи наздик 5 миллион сомонӣ маблағ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бунёд карда мешавад. 

Наверх