20 Апреля 2019
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Ҷангҷоли сарҳад сари раиси вилояти Ботконро хӯрд? Избранное

 

Абиш Холмурзоев. Расм аз Хадамоти матбуотии Ҳукумати ҶҚ

Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадкалий Абдилгазиев раиси вилояти Боткон Абиш Холмурзоевро аз вазифа гирифт. Абиш Холмурзоев дар ҳолате аз вазифа рафт, ки чанде пеш руйдодҳои сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон бо зарар дидани сокинони маҳаллӣ ба амал омаданд.

Хадамоти матбуотии Ҳукумати Қирғизистон 1 апрел хабар дод, ки Холмурзоев бинобар гузаштан ба дигар кор аз вазифа рафтааст, аммо кори минбаъдаи ӯ алҳол маълум нест.

Ба ҷойи Абиш Холмурзоев Акрам Мадумаров, ки то ин дам директори хадамоти кадрӣ буд, таъин гардид.

Абиш Холмурзоев аз соли 2016 то ин ҷониб роҳбарии вилояти Боткони Қирғизистонро бар ӯҳда дошт. Бино ба иттилои бархе аз расонаҳои қирғизӣ маҳз зиддият дар сарҳад ва норозигии аҳолӣ боиси аз вазифа рафтани Абиш Холмурзоев шудааст.

Последнее изменениеПонедельник, 01 Апрель 2019 08:57
Наверх