20 Апреля 2019
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Тоҷикистон кишвари Парчам Избранное

46589319345 0e85cf3bf3 k

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти сафари кориаш чун дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, дар маркази ноҳияи Спитамени вилояти Суғд майдони Парчам ва Нишони давлатиро кушод.

Барои парафшонии Парчами давлатӣ ва қомат афрохтани Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Спитамен 0,32 гектар замин ҷудо гардидааст. Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар назди бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардидааст ва ба ҳусни ин мавзеъ зебогии боз ҳам бештар зам менамояд. Баландии пояи Парчами давлатӣ дар ин гӯшаи диёр 50 метрро ташкил дода, дарозии матои он ба 14 ва паҳноияш ба 7 метр баробар аст. Нишони давлатӣ дар баландии 25 метр қомат афрохтааст ва ин ду муқаддасоти миллӣ басо диққатҷалбкунанда ба назар мерасанд. Дар мобайни Парчам ва Нишони давлатӣ 6 фаввора бунёд гардидаанд, ки ҳар кадоми он бо усули муосир оро ёфтааст.

Масоҳати беш аз 3000 метри мураббаъ дар ин ҷо сангфарш ва сафолакпӯш гардидааст. Санг ва сафолакҳои дар майдони мазкур насбшуда маҳаллӣ мебошанд ва барои гашту гузори сокинон дар ин мавзеъ шароит басо мусоид аст. Бо тарҳи муосир бунёд гардидани майдони рамзҳои давлатӣ дар маркази ноҳияи Спитамен маҳорати баланди сохтмончиёнро бозгӯ мекунад. Дарахтони ороишии дар ин гӯшаи диёр шинонидашуда беш аз 50 бехро ташкил медиҳад. Майдони гулу сабзазор қариб ба 0,20 гектар баробар аст. Гулҳои ороишии тагетс, виола, салвия, лола ва ғайра дар ин ҷо бо тарҳи бисёр ҷолиб шинонида шудаанд. Дар атрофи Парчам ва Нишони давлатӣ 21 адад чароғҳои равшанидиҳандаи гуногунҳаҷм насб гардидаанд.

Дар шафати майдони мазкур барои ҷойгир намудани 30 адад мошин таваққуфгоҳ ташкил гардидааст. Инчунин дар ин ноҳия Эмомалӣ Раҳмон ба бинои нави китобхона, осорхонаи таърихӣ ва мактаби мусиқӣ ифтитоҳ бахшид. 

Последнее изменениеПонедельник, 01 Апрель 2019 06:05
Наверх