20 Апреля 2019
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Бунёди бино барои 100 кат дар "Баҳористон"-и Суғд Избранное

46591304645 21942f64b9 o

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд  бо дарназардошти талабот ба ҷойҳои нави истироҳату табобат барои бунёди бинои нав дар осоишгоҳи "Баҳористон" санги асос гузошт.

Иншооти нав, дар ҳудуди Осоишгоҳи “Баҳористон”, дар  соҳили “Баҳри Тоҷик” аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат хоҳад буд. Баландии бино 27 метрро ташкил дода, масоҳати умумии сохтмони иншоот 8 ҳазору 444 метри мураббаъ мебошад.

Дар ҳудуди бинои нави осоишгоҳ ҳавзи шиноварӣ барои калонсолон ва кудакон бо майдончаҳои бозӣ ва корти теннис ба нақша гирифта шудааст. Дар қисми дигар барои фароғати истироҳаткунандагон гулгашт бо фаввораҳо ва айвончаҳои зебову мунаққаш бунёд мешавад.

Дар ошёнаҳои аз якум то панҷуми бино толорҳои зиёфат, гуфтушунид, ҳуҷраҳои хизматрасонии корӣ, ошхона, ҳаммом, хонаҳои хоб барои 100 ҷой, ҳуҷраҳо барои қабули меҳмонони олиқадр, машқгоҳ ва ғайра сохта мешавад.

Осоишгоҳи “Баҳористон” соли 2011 бунёд шуда, аз 6 бино иборат аст ва барои қабули беш аз 800 нафар мизоҷ пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо 400 нафар бо маоши миёнаи 1000 сомонӣ ба мардум хизмат мерасонанд.

Наверх