23 Марта 2019
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Эх Армия, эх Армия, ЭХ АРМИЯ Избранное

vesennij prizyv 2019 02

Моҳҳои апрел-май ҷавонони соли таваллудашон 1992-2002 дар Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд. Дар ин бораи фармони марбутаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст.

Мутобиқ ба фармони марбута хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2019 аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда шаванд.

Моҳҳои апрел-майи соли 2019 бошад, шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд.

Бояд гуфт, ки масъалаи хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои дарднок ва дарди сари раисони шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳо буда, ҳамасола бо мушкилиҳо нақшаи гуҳошта иҷро мешавад. Ин мушкилот ба ҳадди печида мешавад, ки дар баъзеҳо ҳолатҳо раисон бо курсиҳои ишғол намудаашон падруд мегӯянд. Ҳарчанд дар таронаи маъмуле месароянд:

Эҳ Армия, эҳ Армия, эҳ Армия,

Чӣ бояд кард? Хизмати Ватан!

Наверх