23 Марта 2019
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Рӯзи матбуоти тоҷик: аз маҷлис то қадршиносӣ Избранное

Без названия

Имрӯз 11 март, агар дар Литва Рӯзи барқарорсозии истиқлолият ҷашн гирифта шавад, дар Тоҷикистон аз Рӯзи матбуот таҷлил менамоянд.

Рӯзи матбуоти тоҷик бо нашри аввалин шумораи рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» марбут буда, нахустшумораи он 11 марти соли 1912 аз чоп баромадааст.

Қаблан дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои пасошӯравӣ Рӯзи матбуотро бо чопи нашри аввали рӯзномаи “Правда” дар санаи 5 май қайд менамуданд.

Чун анъана Рӯзи матбуоти тоҷик бо маҷлисҳои расмиву қадршиносии иддае аз матбуотчиёну собиқадорони матбуот доир карда мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки давоми чанд соли охир матбуоти тоҷик аз рисолати аслии худ дур монда, бештар ба воситаи тарғиботӣ табдил ёфтааст. Гузашта аз ин расонаҳои мустақил, ба мисли  "Суғд", "Факты и комментарии", "Нури зиндагӣ", "Ҷомеа", "Нигоҳ" ва "Озодагон" аз фаъолият боз монданду сомонаҳои интернетии TojNews ва "Озодагон" кор намекунанд. 

Ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 370 нашрияи давлатию хусусӣ фаъолият мебарад.

Последнее изменениеПонедельник, 11 Март 2019 03:38
Наверх