23 Марта 2019
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

57 миллиард рубл даромади Россия аз фурӯши патент ба муҳоҷирони меҳнатӣ Избранное

patent na paboty1

Даромади Россия аз фурӯши патент дар соли 2018 ба муҳоҷирони корӣ 57 миллиард рублро ташкил дод. Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи сардори Сарраёсати муҳоҷиратии ВКД ФР Валентина Казакова иттилоъ дод.

“Дар соли гузаштаи 2018 беш аз 1,7 миллион патент омода карда шуда, маблағи ба дастомада аз он ба буҷаи субъектҳо 57 миллиард рублро ташкил дод”, - изҳор дошт номбурда.

В. Казакова ҳамзамон қайд кард, ки ба минтақаҳо ҳуқуқи маҳдуд кардани вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ дода шуда буд, аммо аз ин ҳуқуқ танҳо ду субъекти ФР истифода бурданду халос. Аз рӯйи гуфти ӯ ба субъектҳои ФР дар сурати лозим набудани қувваи корӣ онҳо ҳақ доранд додани патент ба муҳоҷиронро бас кунанд. Дар таърихи додани патентҳо танҳо ду минтақаи Россия аз ин ҳуқуқи худ истифода кардаанд, ки яке он Калининград мебошад. Он ҳам вақти баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол буд. Дар асл бошад, минтақаҳои ФР додани патентро маҳдуд намекунанд ва ин маънои онро дорад, ки онҳо ниёз ба қувваи кориро доранд.

Бояд гуфт, ки дар соли 2017 маблағи аз фурӯши патент ба муҳоҷирони меҳнатӣ ба дастомада 51 миллиард рублро ташкил дода буд.

Наверх