23 Марта 2019
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Устое, ки муовини Сарвазири Тоҷикистон шуд Избранное

IMG 3367 10 02 19 02 29

Мирзошариф Исломиддинов, ки дар вазифаҳоидиректори кулли корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико «Қайроққум-ойл ЛТД», ҷонишини раиси вилояти Суғд, ҷонишини Сарвазири Тоҷикистон, раиси шаҳри Исфара шуда кор кардаасту ду даъват вакили Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва, панҷ сол раиси кумитаи саноат ва энергетикаи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буду хизматҳояш бо ордени «Дӯстӣ», унвони ифтихории Корманди шоистаи Тоҷикистон қадршиносӣ гаштааст, санаи 7 март 70-сола шуд. Ҳоло Мирзошариф Исломиддинов дар нафақа буда, хостем бардоштҳояшро аз солҳои роҳбарияш манзури хонандагон гардонем.

Фаъолият дар корхонаи нефтугазҳосилкунӣ

Соли 1971 пас аз 5 соли таҳсил дар Донишгоҳи нефту гази ба номи Губкини шаҳри Москва маро барои кор ба корхонаи нефту газистеҳсолкунии шаҳраки Нефтобод фиристоданд. Корхона яке аз коргоҳҳои аввалини саноатӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ҳолати аз нав эҳёшавӣ қарор дошт. Иқтидорҳои истеҳсоли нефт дар як шабонарўз 90-100 тонна ва гази табиӣ то 200-300 ҳазор метри мукаабро ташкил мекард.

Ҳамон вақт Набиҷон Маликов роҳбари корхона буданд. Ман бо роҳхат ба назди он кас даромадам. Н.Маликов маро хуш истиқбол намуда, дастур доданд, ки як моҳ чун коргари қаторӣ дар конҳои нефту гази Айритон ва Равот таҷриба омўзам. Пас аз шиносоӣ бо тарзу маҳорати корбариам маро ба сифати устои истеҳсоли нефт ба кони Равот фиристоданд. Он ҷо қариб як сол истихроҷи нефту газро роҳбарӣ кардам. Баъдтар дар кони Селроҳа ба ҳайси муҳандис фаъолиятамро санҷида, диспетчери калони корхона таъин карданд. Соли 1975 вазифаи сардори шуъбаи техникию истеҳсолии идораи нефту газистеҳсолкуниро ба зиммаам гузоштанд.

Қайд кардан лозим аст, ки ҳамон солҳо зиёда аз 50 фоизи аҳолии шаҳракро русзабонҳо ва мутахассисонро, аз қабили рус, тотор, ӯзбек, озару грекҳо ташкил карда, шумораи мутахассисони маҳаллӣ хеле кам буд. Хулоса дар як идораи калони нефту газистеҳсолкунӣ 90-95 фоиз кормандони идора русзабон ва мо, се нафар - роҳбари корхона Н. Маликов, ман ҳамчун сардори шуъбаи техникӣ ва сардори шуъбаи геологӣ Б.Ҷаҳонгиров тоҷик будем.

Дертар хатмкунандагони Донишгоҳи нефту гази Москва, факултаи геологии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба корхона омада, сафи мутахассисони маҳаллӣ афзуд. Дар корхона ба ҳайси сармуҳандис яке аз мутахассиси варзидаю таҷрибадор Геннадий Петрович Рубсов, сармеханик- котиби ташкилоти ҳизбии корхона Корнеев Пётр Алексеевич, саргеолог Чекансев Алексей Прокофевич барин шахсони босавод меҳнат мекарданд, ки ҳамчун устодони касби худ аз таҷрибаю малакаҳояшон бархурдор мегаштем. Ҳарчанд гуногунзабону гуногунмиллат будем, аммо бо ҳам муносибати неки дўстонаю бародарона ва рафтуомади оилавӣ доштем.

Соли 1980 маро ба шаҳри Маскав даъват карданд ва бо фармони Вазири саноати нефти Иттиҳоди Шўравӣ сардори корхонаи нефтугазҳосилкунии Нефтобод таъин гаштам. Ҳамон вақт нефтро ба воситаи роҳи оҳан ба заводи коркарди нефти шаҳри Фарғона ва газро тариқи газопроводи магистралӣ барои эҳтиёҷоти корхонаҳои саноатӣ ва аҳолии водии Фарғона интиқол медодем. Солҳои 1980 то 1986 корхонаи нефту газистеҳсолкунии Нефтобод хушбахтона хеле рушд кард. Дар ин муддат истеҳсоли нефт дар як шабонарўз аз 150 тонна то 800-840 тонна расида, танҳо дар соли 1985 - 242 ҳазор тонна нефт истеҳсол карда шуд, ки нишондоди беҳтарин буд. Дар ин муддат конҳои нефти Конибодоми шимолӣ, Ниёзбек, Қарақчиқуми шимолӣ, Маҳрам, Маданият ва Оби шифо кашф карда шуданд. Нефтепроводи магистралӣ аз шаҳри Конибодом то минтақаи “Сӯхи шимолӣ”-и Ӯзбекистон сохта, ба системаи нефтепроводҳои магистралии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайваст карда шуд. Бо маблағгузории корхонаи нефтугазҳосилкунӣ якчанд иншоотҳои аҳамияти иҷтимоидошта – хонаи маданият, биноҳои мактаби миёнаи № 4, хонаи хизмати маишӣ, савдою хӯроки умумӣ, хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандон дар шаҳраки Нефтобод, шаҳрҳои Исфараю Конибодом сохта, ба истифода дода шуданд. Корхона ҳамон вақт яке аз корхонаҳои азими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешқадаму ояндадори Иттиҳоди Шўравӣ ба ҳисоб мерафт.

Раиси комиҷроия

Соли 1988 пас аз таҳсили рӯзонаи дусола дар Мактаби олии сиёсии ш.Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург), кумитаи ҳизбии вилояти ҳамонвақтаи Ленинобод (ҳозира Суғд) маро барои иштирок дар маъракаи интихоботи раиси кумитаи иҷроияи шаҳр (ҳозира вазифаи раиси шаҳр) тавсия намуд. Рўзи 16 августи соли 1988 дар иҷлосияи Маҷлиси шаҳрӣ, ки дар он 200 вакил иштирок доштанд, интихобот ба тарзи овоздиҳии пинҳонӣ дар ду давра барпо гашт ва дар натиҷа ман раиси кумитаи иҷроия - ҳозира мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ интихоб гаштам.

Дар кумитаи иҷроияи шаҳр шуъбаҳои соҳавӣ ва роҳбари дастгоҳ, ки он вақт котиби кумитаи иҷроия ном мебурданд, амал мекард. Раиси кумитаи иҷроия чор муовин дошт. Муовини аввал - ҷонишин оид ба хоҷагии қишлоқ А.Ҷумонқулов ва ҷонишин оид ба соҳаҳои иқтисодиёт, саноату сохтмон-В.Г.Сорокин буданд. Ҳамчун муовин оид ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг С.Зокиров кор мекарданд, комиссияи ба нақшагириро ҳамчун муовин М. Ғафурова роҳбарӣ менамуданд. Котиби кумитаи иҷроия, яъне роҳбари дастгоҳи онро Бобо Ғоибназаров ба ӯҳда доштанд. Ин нафарони роҳбарикунанда ҳама шахсони босавод, масъулиятшинос, кордон ва бофарҳанг буданд. Аз рӯзҳои аввали раиси кумитаи иҷроияи шаҳр интихоб шуданам дар атрофи ман як тими (командаи) боқувват ҷамъ омада, байни мо ҳамдигарфаҳмию эҳтироми тарафайн вуҷуд дошт. Ҳар яке вазифаҳои худро содиқона иҷро мекарданд.

Дар ҳайати кумитаи иҷроия шуъбаҳои калонтарин - шуъбаи маорифро Бобохон Парпиев, соҳаи тандурустиро табиби варзида Сабурхон Холиқов, шуъбаи иҷтимоиётро Куброхон Собитова, шуъбаи молияро Абдулатиф Бобохонов, шуъбаи фарҳангро Атохон Ҷӯраев, шуъбаи савдоро Ҷӯрахӯҷа Мамадов, шуъбаи умумиро Башоратхон Раҳимова ва шуъбаи ташкилиро Бобохон Қаюмов роҳбарӣ мекарданд. Ҳар яки мо тарзе кори худро ба роҳ монда будем, ки ҳар ҳафта вазифаҳоро ба нақша гирифта, дар маҷлиси дастгоҳ мувофиқа менамудем ва аз паи иҷрои саривақтии он мешудем.

Кумитаи иҷроия ҳар моҳ як бор ҷаласа гузаронида, дар он то 40 масъалаҳо доир ба иҷрои қарору қонунҳо, вазъи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва дигар мавзуъҳои марбут ба ноҳияро таҳлили чуқур карда, оид ба ин масъалаҳо қарорҳое қабул менамуд, ки иҷрояшон дар қаламрави ноҳия ҳатмӣ буданд.

Ман хеле хушбахтам, ки дар давраи раиси комиҷроияи шаҳр буданам бо инсонҳои нек якҷоя кор карда, аз онҳо таҷрибаю сабақ омӯхтаам. Ин ҷо мехоҳам дар бораи баъзеи онҳо, ки ба халқу Ватани хеш хизматҳои арзанда кардаанд, алоҳида истода гузарам. Яке аз онҳо Авлиёр Ҷумонкулов -дастпарвари Институти хоҷагии қишлоқ, унвони олим-агроном доштанд ва вазифаҳои пурмасъулият - ҷонишини аввали раиси шаҳр ва сардори идораи кишоварзиро ба ӯҳда дошта, шахси ниҳоят поквиҷдон, меҳнатдӯсту бомасъулияту бомаданият буданд. Гуфтан лозим аст, ки дар давоми 7 соли фаъолиятам дар кумитаи иҷроияи шаҳр мо бо А.Ҷумонқулов бо маслиҳати якдигару ҳамдигарфаҳмӣ кор мекардем. Он кас дар назди роҳбарони хоҷагиҳо ҳурмату эҳтироми баланд доштанд. Дуюмин шахсе, ки ман дар кумитаи иҷроия дар ҳалли ҳама масъалаҳо ба он кас такя мекардам, котиби кумитаи иҷроия Б.Ғоибназаров буданд. Ин кас дар арсаи роҳбарӣ шахси таҷрибадор, дар ноҳия ва вилояту ҷумҳурӣ сазовори эҳтироми баланд буданд.

Дар қатори онҳое, ки ҳамроҳашон кор мекардему якдигарфаҳмии бародарона доштем, мехоҳам кормандони ҳамонвақтаи кумитаи ҳизбии шаҳр - А.Додохонов, С.Умаров, С.Бақоев, А. Норматов, Ш.Неъматуллоевро қайд намоям.

Пас аз ду ҳафтаи ба ҳайси раиси кумитаи иҷроияи шаҳр интихоб шуданам Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон котиби якуми кумитаи ҳизбии шаҳр А. Ҳисомиддиновро барои кор ба шаҳри Душанбе даъват намуд ва Гулафзо Савриддинова, ки дар вазифаи мудири шуъбаи савдои дастгоҳи марказии ҳизб кор мекарданд, котиби якуми кумитаи ҳизбии шаҳр интихоб гардиданд. Дар оянда мо дар атрофи ин шахси кордон, сиёсатмадор сарҷамъ шуда, як дастаи пурқувватро ташкил кардем. Умуман ман аз ин шахси бузург дар самти роҳбарӣ бисёр дарсҳои ибратомӯз гирифтаам ва худро хушбахт ҳис мекунам,ки бо чунин инсони наҷиб солҳои зиёд якҷоя кор кардаам.

Ҳамон солҳо дар шаҳру ноҳия 22 корхонаи саноатӣ, 12 хоҷагии кишоварзӣ, 10 муассисаи сохтмонӣ фаъолият доштанд, ки аксарияти ин корхонаю хоҷагиҳо дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ чун корхонаю хоҷагиҳои пешқадам шинохта шуда буданд. Ноҳия бо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекард. Ҳам дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, сохтмон ва ҳам хизматрасонӣ ба аҳолӣ роҳбарони донишманду кордону болаёқати таҷрибадор, ба монанди роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ - Ш. Нуриддинов, А. Мақсудов, Ҷ. Нуриддинов, Ф. Ашӯров, А. Шомирсаидов, М. Қаюмов, С. Болтаев, З. Юнусов, Ҳ. Абдуллоев, А. Маҳкамбоев, Д. Расулов, Ф. Нуриддинов, М. Ҳасанов, А. Маҷидов, Ҳ. Исматов, М. Муҳиддинов, А. Сангинов, корхонаҳои саноатӣ - Х. Темурҷонов, Ҷ. Расулов, И. Асламов, Н. Жовтий, А. Ғафуров, М. Эшонов, Ғ. Бобобеков, Т. Охунов, А. Абдуқодиров, А. Темурхонов, Д. Қодиров, Б. Самадов, ташкилотҳои сохтмонӣ А. Муҳаммедов, А. Решаев, А. Муртазоев, З. Абдуллоев, М. Умаров, Ҳ. Саидаминов ва Ҳ. Нуриддинов ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва савдо Ғ. Сангинов, Р. Фозилбеков, Д. Ҳомидҷонов, С. Хоҷаев, У. Тоҷибоев, А. Раҳматов, Ш. Миристоев, С.Ашӯров, М. Умаров фаъолият доштанд, ки саҳми ҳар яки онҳо дар ободонии шаҳру ноҳия ва пешрафти иқтисодиёт беандоза зиёд буд. Роҳбарони мақомотҳои қудратӣ: прокурори ноҳия Б.Аҳмедов, раиси суди халқӣ Т.Сангинов, сардорони шуъбаи корҳои дохилӣ Т. Иброҳимов, Х. Сайфиддинов баҳри риояи қонунҳо ва тартиботи ҷамъиятӣ содиқона ба мардум хизмат мекарданд.

Охирҳои солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ба давраи солҳои сиёсати бозсозии Горбачёв, пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ, дигаргуншавии сохтори сиёсии давлатдорӣ, эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, авҷи фаъолияти бисёр созмону ҳизбҳои ба ном демократӣ ва зидди сиёсати дунявӣ рост омад, ки дар он солҳо вазифаи роҳбарии шаҳрро ба ӯҳда доштан ниҳоят мушкил буд.

Соли 1989 вазъият дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Қирғизистон мушкил гардида, хавфи сар задани муноқишаи хунин ба вуҷуд омад. Лекин кумитаи ҳизбии шаҳр бо роҳбарии Г.Савриддинова ва кумитаи иҷроия тавонистанд дар назди роҳбарияти Иттифоқи Шӯравию ҷумҳурӣ ва вилоят дар вақташ бо ҷиддият масъалагузорӣ намоянд, вазъиятро ба эътидол дароранд ва манфиатҳои мардумро ҳимоя намоянд.

Соли 1990 ман аз ҳавзаи интихоботии “Ворух” ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакили мардумӣ интихоб гардидам ва ифтихор дорам, ки дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар барқарор намудани сохти конститутсионии ҷумҳурӣ, интихоби Пешвои миллатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдат муҳтарам Э.Раҳмон ба вазифаи Сардори давлат - Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок кардаам. Хотираҳоям оид ба вазъияти сиёсию иҷтимоӣ, фаъолияти шабонарӯзии роҳбарияти шаҳр дар он солҳо рӯи коғаз омада, Худо агар расонад, ягон рӯз пешкаши хонандагон мегарданд.

Ҷонишини раиси вилояти Суғд

Моҳи феврали соли 1996 бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маро ба вазифаи муовини раиси вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) таъин намуданд. Дар ҳукумати вилоят қариб чор сол соҳаҳои саноат, энергетика ва нақлиётро роҳбарӣ намудам. Он солҳо солҳои вазнин буданд. Дар таъминоти барқ ба корхонаҳою аҳолӣ маҳдудияти шадид ҷорӣ гардида буд. Бо сабабҳои дигаргун шудани низоми молиявӣ дар давлатҳои навтаъсиси соҳибистиқлол, мушкилот дар гузарондани маблағ аз як ҷумҳурӣ ба ҷумҳурии дигар, аз дигар ҷумҳуриҳо сари вақт дастрас нагаштани ашёи хом аксарияти корхонаҳо аз фаъолият монда буданд.

Вазъи иқтисодию сиёсии вилоят он қадар хуб набуд. Дар ҷануби кишвар новобаста аз гуфтушунидҳо зиддияту муқовиматҳои мусаллаҳона идома доштанду муҳити шаҳри Душанбе низ ором набуд. Хулоса мушкилотҳо хеле зиёд буданд.

Аз рӯзҳои аввали фаъолият дар ҳукумати вилоят дар гирди раиси навинтихобгардидаи вилоят Қосимов Қ.Р., мо, муовинон – Оқилов О.Ғ. , Қодиров А.Қ., Комилов А.Ҳ., Мамадҷонов М.Ҳ. ва ман муттаҳид гардида, баҳри ҳалли мушкилотҳо шабу рӯз меҳнат мекардем. Дар ду соли аввали фаъолиятамон бисёр вақтҳо ҷои хобамон низ утоқи кориамон буд. Рӯзҳои мушкили нотинҷиҳои моҳи майи соли 1996, амалҳои террористии соли 1997 ва ошӯби сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев дар моҳи ноябри соли 1998-ро низ аз сар гузаронидем ва дар ин мушкилиҳо роҳбарияти вилоят мувофиқи баъзе баҳогузориҳо худашро гум накарда, садоқат ба мардуми вилоят, миллати тоҷик ва Пешвои миллатро нишон дод.

Дар мӯҳлати камтар аз ду сол саноати вилоят фаъол гардид, корхонаҳои муштараки навтаъсиси “Зарафшон", “Кабоол-Тоҷик текстайлз”, “Ҷавонӣ” ба фаъолияти мураттаб шурӯъ ва баҳри таъсиси дигар корхонаҳо дар соҳаи кӯҳкорӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ замина гузошта шуданд. Моҳи апрели соли 1999 бо пешниҳоди раиси вилоят ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони “Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” мушарраф гардидам.

Фаъолият дар вазифаи муовини Сарвазири Тоҷикистон

Моҳи декабри соли 1999 ман ва муовини аввали раиси вилояти Суғд Оқилов О.Ғ.-ро ба Душанбе даъват карданд ва бо   Фармонҳои Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Оқилов О.Ғ. - Сарвазир ва ман - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидем. Қайд кардан зарур аст, ки ҳамон вақтҳо вазъият дар ҷумҳурӣ акнун ба эътидол омада истода буд, лекин дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе баъд аз соати 16 ягон мошин ,ё нафареро намедидед.

Мо бо Сарвазир то бевақтии шаб кор мекардем ва ҳамаи потентсиали ҳукумат ҳамон вақт баҳри барқарорсозии инфрасохтори дар ҷанги шаҳрвандӣ харобгардидаи вилояти Хатлон сафарбар мегардид. Оқил Ғайбуллоевич ба ман аз сидқи дил бовар ва дастгирӣ мекарданд. Мо ҳарду ҳаракат мекардем, ки проблемаҳои ҷойдоштаро дар вақташ дида бароем, ҳалли онҳоро ёбем, чунки Сарвари давлат ба мо бовар доштанд. Ман шукрона мекунам, ки дар мӯҳлати муовини Сарвазир шуда кор карданам, аз маслиҳат ва дастгириҳои фарзандони шинохтаи миллат: Оқилов О.Ғ.- Сарвазири Ҷумҳурӣ, Зуҳуров С. - муовини сарвазир, Шарипов Ҳ. – вазири корҳои дохилӣ, Азимов А. - котиби шӯрои амният, Миралиев А. – мушовири давлатии Президент бархурдор гардидаам.

Раиси шаҳри Исфара

Моҳи марти соли 2000-ум вазъият дар шаҳру ноҳия камтар вазнин гардиду маро ба ҳайси раиси шаҳр ба Исфара фиристоданд ва ман дар ин вазифа то моҳи марти соли 2005-ум фаъолият намудам. Дар озмуни бахшида ба ҷашни “10-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2001-ум эълонгардида шаҳри Исфара дар ободонӣ ва пешрафти иқтисодиёт дар миқёси ҷумҳурӣ ва вилоят яке аз ҷойҳои аввалин ва унвони “Шаҳри беҳтарин” - ро соҳиб гашт ва дар қатори дигарон маро бо ордени “Дӯстӣ” ва сафари “Ҳаҷҷи умра” дар ҳайати намояндагии расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муҳтарам Президент ба Арабистони Саудӣ сазовор донистанд.

Дар ҳақиқат нишондиҳандаҳои иқтисодии ноҳия дар ҳамон солҳо назаррас буданд. Содироти меваи хушк бо нархҳои ҳамонвақта зиёда аз 7 млн. долларро ташкил мекард. Дар ноҳия зиёда аз 30 ҳазор тонна сабзавот истеҳсол мегардиду корхонаҳои коркарди меваю сабзавот то 40 млн. қуттии шартӣ консерва истеҳсол мекарданд.

Роҳбарони корхонаҳои саноатӣ бо кумаку дастгириҳои ҳукумати шаҳр проблемаҳои ҷойдоштаро сари вақт ҳал менамуданд ва саноати ноҳия ҳама вақт иқдомҳои ҳукуматро баҳри ободонии шаҳр дастгирӣ менамуд.

Дар давоми панҷ соли пурраи фаъолиятам дар вазифаи раиси шаҳр ман боварӣ ва дастгирии мардуми шаҳру ноҳияро ба худ аз наздик ҳис мекардам ва ҳаракат менамудам, ки ҳалолу пок, софдилона ба мардуми худ хизмат намоям ва дар кадом ҳолате набошад, сараввал, аз манфиатҳои мардуми одӣ ҳимоят кунам.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон

Моҳи декабри соли 2004-ум маъракаҳои пешазинтихоботӣ оиди баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оғоз ёфтанду Конференсияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзадии маро ба вакилӣ пешниҳод намуд ва дар интихоботи моҳи феврали соли 2005-ум бо овоздиҳии аксарияти интихобкунандагон аз байни якчанд номзад аз ҳавзаи интихоботии “Исфара” вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудам.

Дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон ман ҳамчун раиси кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, раиси комиссияи ҳамкорӣ бо Думаи давлатии Федератсияи Россия ва аъзои гурӯҳи намояндагии ҷумҳурӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо интихоб гардидам.

Кумитаи энергетика яке аз кумитаҳои калидии Маҷлиси намояндагон ба ҳисоб мерафт ва дар ҳайати он ҳамроҳи ман шахсони шинохтаи ҷумҳурӣ: Абдуҷалол Салимов –собиқ раиси вилояти Хатлон, Шодӣ Шабдолов – раиси Ҳизби Коммунист, Латофат Шарифова – собиқ муовини раиси вилояти Хатлон, олимон ва мутахассисони варзида С.Хайриддинов, Н.Солиҷонов, К.Қодиров ва А.Каттаев фаъолият мебурданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон, сиёсатмадори варзида ва ботаҷриба – Сайдулло Хайруллоев доимо ҳаракат мекарданд, ки масъалаҳои муҳимми аҳамияти умумиҷумҳуриявӣ дошта барои баррасӣ ва омодасозӣ ба кумитаи мо равона карда шаванд.

Ҳар сол бо навбат дар шаҳрҳои Москва ва Душанбе ҷаласаҳои комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагон ва Думаи давлатӣ доир мегардиданд ва дар ин ҷаласаҳо мо бисёр масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи давлатиро оид ба энергетика, муҳоҷират, қонунгузорӣ ва дигар соҳаҳо баррасӣ ва мувофиқа гардонида, ба парлумонҳои ҳарду кишвар пешниҳод менамудем.

Дар давраи фаъолиятам дар комиссияи байнипарлумонӣ бо ходими намоёни давлатии Россия, ҳамраиси комиссия аз ҷониби Думаи давлатӣ Пастухов Б.Н. риштаҳои дӯстӣ барқарор намудем, ки ба тоҷикону Тоҷикистон ва Роҳбари муаззами он ҳурмату эҳтироми хосса дошт. Ҳамчун аъзои намояндагии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии САҲА дар ҷаласаҳои он дар шаҳрҳои Вашингтон, Вена, Киев ва Вилнюс иштирок намуда, аз номи Тоҷикистон баромадҳо кардаам.

Мирзошариф Исломиддинов ба мисли дигар роҳбарони замоне обрӯманд ҳоло дар нафақа аст ва давлати пирӣ меронад.

Наверх