23 Марта 2019
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Барои занон 3 миллион сомонӣ ҷудо кард Избранное

кучаруб

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо як қарори худ таҳти № 123 Сарраёсати  молияи шаҳри Душанберо вазифадор кард аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 3 082 000 (се миллиону ҳаштоду ду ҳазор) сомонӣҷудо намояд.

Маблағи мазкур бино ба талаботи қарор ҷиҳати ҳавасманд намудани занони раёсатҳои истифодабарии роҳҳо, муассисаҳои давлатии боғҳои фарҳангӣ - фароғатии шаҳрӣ, бонувон, фаррошони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе равона карда мешавад.

Ин иқдом дар доираи анъанаҳои шаҳрдорӣ бахшида ба «Рӯзи Модар» ва Иди байналмилалии «Наврӯз» рӯйи кор омадааст.

Наверх