23 Марта 2019
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Интернет: 1 ГБ дар Тоҷикистон - 50 сомонӣ, дар Қирғизистон - 4 сомонӣ Избранное

4d81dcf1340b73a3eeb80e2427cab7cc

Мутобиқ ба фармоиши Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2019 ширкатҳои мобилӣ бояд 1 мегабайт интернетро аз 5 дирам арзон нафурӯшанд.

Дар сурати амалӣ шудани талаботи ин фармоиш истифодабарандагони интернет маҷбур мешаванд, ки 1 гигабайт бастаи интернетиро ҳадди ақал бо 50 сомонӣ харидорӣ кунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки арзиши интернет дар Қирғизистон нисбат ба Тоҷикистон хеле арзон буда, барои мисол бо пардохти 95 сом (наздик 14 сомонӣ)  метавон аз ширкати Beeline KG барои як ҳафта 4 гигабайт интернет харидорӣ кард.

Маҳз ҳамин арзонии интернет водор намудааст, ки аксари сокинони минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон аз хизматрасониҳои ширкатҳои мобилии Қирғизистон истифода баранд

Последнее изменениеСреда, 06 Март 2019 04:10
Другие материалы в этой категории: « Внимание конкурс! Аз Ҳисор то Узун бемалол »
Наверх