23 Марта 2019
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Новости (92)

Тоҷикистониён шаҳрвандии Россия ва Қирғизистонро мегиранд

444

Шаҳрвандони Тоҷикистон кӯшиш доранд, шаҳрвандии Федератсияи Россия, Қирғизистон ва кишварҳои дигарро ба даст оранд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Россия  (https://russian.rt.com/russia/news/608258-grazhdanstvo-rossiya-chislo) дар соли 2018 дар умум 269,4 ҳазор шаҳрвандии Россияро гирифтанд, ки аз ин теъдод 35,7 ҳазор нафарро тоҷикистониён ташкил медиҳанд ва дар раванди ба дастории шаҳрвандии ФР мақоми сеюмро баъди Украина ва Қазоқистон касб кардаанд.

Дар баробари ин аз рӯйи маълумотҳои оморӣ танҳо дар соли 2018 131 нафар сокинони Исфара шаҳрвандии Қирғизистонро гирифтаанду давоми ду моҳи соли равон бошад, 8 нафар исфарагиён қирғизистонӣ шудаанд. Қирғизистонӣ шудани онҳоро роҳи осони дарёфти шаҳрвандии ФР мегӯянд.

Аксарият сабаби шаҳрвандии дигар кишварро интихоб намудани тоҷикистониёнро бо умеди дарёфти зиндагии хубтар маънидод мекунанд.

Подробнее ...

Дар Хоҷаи Аълои Исфара ба номи Хусейнбой Ҳакимов кӯчае номгузорӣ карда мешавад

878

Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин гуфтааст, ки яке аз кӯчаҳо ва ё мактаби деҳаи Хоҷаи Аълои Чоркӯҳи Исфараро ба номи Ҳакимбой Ҳусейнов хоҳад гузошт.

Бино ба гуфти омӯзгори собиқадор Абдухалил Шарипов шаҳрдори Исфара ин тасмимро дар рафти мулоқот бо сокинони Хоҷаи Аъло иброз намуда, ҳамчунин гуфтааст, ки барои оилаи Ҳусейнбой Ҳакимов барои гирифтани нафақа талош хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки Ҳусейнбой Ҳакимов яке аз ду нафарони вафоткарда дар рафти муноқишаҳои марзии 13, 14 марти соли равон байни Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара мебошад.

Подробнее ...

Дар Тоҷикистон пешниҳоди Президент оиди аз вазифа озод намудани раисони судҳо ба Маҷлиси Миллӣ ирсол шуд

1111

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони суди ноҳияҳои Ванҷ ва Ишкошими Вилояти Мухтор Кӯҳистони Бадахшон, раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ ва муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод карда шуданд.

Инчунин  пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Маҳмудзода Махкам Азам бинобар ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ашурзода Абдулҳафиз Абду, дар бораи аз вазифаи судяи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Гулзор Муҳаббат Мамадкарим бинобар ба нафақа баромаданаш, дар бораи аз вазифаи муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ашурзода Абдулҳафиз Абду  бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Салимзода Юсуф Сафар, дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бобозода Матин Давлат, дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Бобоҷонзода Аъзамҷон Абдуазиз, дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Муминзода Қутбиддин Қурбоналӣ, дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Раҳимзода Хисрав Абдураҳмон ва дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Наимзода Бахтиёр Раҳмоналӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст.

facebook
twitter
Подробнее ...

Баҳси Ворух ба чӣ анҷомид? Ду роҳ дар як марз, ё аз навпротоколкунии талаботҳои Протоколи қаблӣ

222

"Нимаи дуюми рӯзи 18 марти соли равон баъди гуфтушунид гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳалли масъалаҳои муноқишаи наздимарзӣ, ки санаҳои 13 ва 14 марти соли равон дар минтақаи наздимарзии ноҳияҳои Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон рух дода буданд, ба мувофиқа расид", - хабар медиҳад сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо истинод ба Хадамоти матбуоти раиси вилоят.

Чуноне роҳбари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ба хабарнигорон иттилоъ дод, тарафҳо ба мувофиқа расида, протоколи созишро ба имзо расониданд. Тибқи он ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳалли масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар тақвият дода шуда, дигар масоили мубрами ба миён омада ҳал хоҳад гардид.

Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим афзуд, ки шурӯъ аз ҳамин рӯз роҳи мошингарди Исфара – Ворух боз гардида, ин роҳ аз ҷониби сохторҳои қудратии ду кишвар мавриди назорати шабонарӯзӣ қарор дода шуда, монеаҳо барои ҳаракати нақлиёт бартараф карда мешаванд. Ҳамзамон, роҳи мазкур аз деҳаи Хоҷаи Аъло то шаҳраки Тоҷикон бо фарогирии роҳи деҳаи Оқсойи Ҷумҳурии Қирғизистон мумфарш мегардад.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки гунаҳкорони ин моҷаро, ки боиси марги ду нафар ва маҷрӯҳ шудани беш аз 20 нафар сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаанд, бояд дастгир ва ба ҷабовгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷониби Қирғизистон ба бунёди қитъаи роҳи Боткент – Оқсой - Тамдиқ ба хотири убури чорво идома медиҳад ва дар баробари ин ду километр дуртар аз ҷануби деҳаи Оқсой роҳи мошингарди Ворух – Тоҷикон – Исфара сохта мешавад.

Роҳбари гурӯҳи корӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон муовини Сарвазири ин кишвар Жаниш Разаков низ ба хабарнигорон иттилоъ дода, изҳор дошт, ки ҷонибдори амалишавии бандҳои созишномаи мазкур, ки ба таҳкими муносибатҳои ҳасанаи ин ду кишвари ҳаммарз мусоидат хоҳад намуд, мебошад.

Ба хотири назорати риояи бандҳои қарордод комиссияи муштарак таҳти сарварии роҳбарони вилоятҳои Суғду Боткент таъсис дода мешавад.

Бояд гуфт, ки соли 2014 низ дар протоколи нишасти комиссияи байнидавлатӣ, ки дар Бишкек доир шуда буд, таҳти рақами 34 протоколе ба имзо расид. Талаботи он протокол низ бунёди қитъаи роҳи Боткент – Оқсой - Тамдиқ ва дар баробари ин бунёди роҳ аз ҷануби деҳаи Оқсой роҳи мошингарди Ворух – Тоҷикон – Исфара  бо ҳиссаи 25 бар 75 ба имзо расид буд. 25 фоиз корҳоро ҳамон вақт Тоҷикистон ба анҷом расониду 75 фоизи онро Қирғизистон умуман анҷом надод. Бо гузашти чору ним сол ин протокол аз нав эҳё ва ё ба қавле "обнавление" шуд.

Подробнее ...

Интернет дар Тоҷикистон қимат намешавад?

Без названия

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, ё бо ибораи дигар антимонополӣ иброз доштааст, ки фармоиши баландбардории арзиши интернет дар Тоҷикистон эҳтимол бознигарӣ кунад.

Дар ин бораи намояндагони ин хадамот 13 март иброз намуда, ҳамчунин гуфтаанд, ки ин масъаларо бо таъминкунандагони хизматрасониҳои алоқа мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки аз санаи 27 март ширкатҳои мобилӣ бояд 1 Мб интернетро бо арзиши на кам аз 5 дирам ба фурӯш бароранд, ки дар маҷмуъ барои 1 ГБ бо назардошти андозҳо на кам аз 60 сомониро дарбар мегирифт. Айни ҳол бошад арзиши 1Гб интернет дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 30-35 сомониро дар бар мегирад.

Подробнее ...

АГЕНТИИ "ХОВАР" аз МОҶАРОИ БАҲСИИ ВОРУХ хабар дод

Sarhad

Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки 13 марти соли 2019 дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба сохтмони роҳи «Коктош-Оқсой-Тамдиқ»-ро оғоз намуданд.

Ба ин иқдоми ҷониби қирғиз сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара эътироз намуданд, ки дар навбати худ ҷониби қирғиз ба тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух бо истифода аз силоҳи оташфишон тир ҳолӣ карданд. Дар баробари ин мақомоти қудратии Қирғизистон роҳи «Исфара-Ворух»-ро баста, ҳаракати воситаҳои нақлиёти шаҳрвандони ҶТ-ро қатъ намуданд. Дар ин ҷо, сарҳадбонони қирғиз 2 автомашинаи тамғаи «Газел»-ро, бо 30 нафар мусофирон, ки ба шаҳрвандони ҶТ таълуқ доранд, дар отряди сарҳадии «Оқсой» гаравгон гирифтанд. Дар ҷамоати деҳоти Ворух 50-60 нафар шаҳрвандони қирғиз бо роҳбарии муовини раиси ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Боткен Жалчиев Эркин омада, тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух сангпартоӣ намуданд, ки дар натиҷа 11 нафар шаҳрвандони ҶТ ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд.

Дар ҳудуди деҳаи Хоҷа Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз тарафи шаҳрвандони ҶҚ силоҳи шикорӣ истифода гардид, ки дар натиҷа шаҳрванди ҶТ Ҳакимов Ҳусейн, соли таваллудаш 1976, сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз қисмати дилаш захмӣ шуда, дар беморхона ба ҳалокат расид. Инчунин, нозири калони минтақавӣ лейтенанти калони милитсия Авеззода Саидшариф аз қисми рони пой, шаҳрвандон Атамов Максадҷон, соли таваллудаш 1973, сокини маҳаллаи Таги-сада аз қисмати сараш ва Аюбов Раҳим, соли таваллудаш 1973, сокини деҳаи Хоҷаи-аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз пояш захмӣ шуданд. Ҳамзамон дар натиҷаи сангпартоӣ сокини маҳаллаи Муминободи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Соҳибов Раҳмониддин, соли таваллудаш 1984 ҷароҳат бардошт. Инчунин, аз тарафи шаҳрвандони ҶҚ анбори шаҳрванд Муллоҷонов Абдумаҷид, сокини деҳаи Хоҷаи-аъло ва осиёби маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ оташ зада шуд.

Боиси зикр аст, ки саркардаи моҷарои мазкур раиси деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткен, шаҳрванди ҶҚ Роза Усарова мебошад, ки иқдоми худро бо мақсади ғасби минтақаи коркарди захираҳои сангу шағали мавзеи наздикии деҳаи Хоҷа Аъло ба роҳ мондааст. Таҳлили воқеаҳои охир нишон медиҳад, ки Роза Усарова аз муташанниҷ гардидани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон манфаитдор буда, мунтазам ба барангехтани низои миллӣ миёни мардуми қирғизу тоҷик машғул мебошад.

Подробнее ...

МУНОҚИШАИ МАРЗӢ ДАР ВОРУХ

 

Дар ҳудуди деҳаи Ворухи Исфара мавзеи Тоҷикон баъди нисфирӯзи муноқишаи марзӣ байни қирғизҳову тоҷикон сар зад. Бино ба хабари сокинони маҳаллӣ муноқиша аз ҷониби қирғиз бо сабаби худсарона идома додани роҳ ба мавзеи Хоҷағор, ё бо ибораи халқӣ Ғорбобо шурӯъ шудааст. Сохтмони ин роҳ чанде пеш то ҳалли комиссияи паритетӣ мавқуф гузошта шуда буд.

Аз рӯи гуфти сокини Ворух Расул Раҳимов ҳарбиёни қирғиз бо истифодаи яроқ ба хотири тарсондани тоҷикҳо ба ҳаво тир холӣ кардаанд. Шаҳрвандони Қирғизистон бошад, бо сангҳо ба тоҷикон ҳуҷум намудаанд. Дар натиҷа аз руйи баъзе маълумотҳо 4 нафар тоҷикистонӣ бо бардоштани ҷароҳатҳои гуногун дар шуъбаи шикастубандии беморхонаи Исфара бистарӣ шудаву чандеи дигар ҷароҳаии сабук бардоштаанд.

Инчунин ба хонаҳои наздисарҳадии тоҷикон сангпартоӣ низ ҷой доштааст.

Ҳоло роҳи Ворух баста буда, бино ба хабарҳо як микроавтобуси хатсайри Исфара -Ворух дар мавзеи Оқсой аз ҷониби қиргизҳо боздошта шудааст.

То кунун, роҳи Исфара - Ворух ва деҳаи Сомониёни Чоркӯҳ, тавассути роҳи асосӣ бастааст.

Подробнее ...

Эх Армия, эх Армия, ЭХ АРМИЯ

vesennij prizyv 2019 02

Моҳҳои апрел-май ҷавонони соли таваллудашон 1992-2002 дар Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд. Дар ин бораи фармони марбутаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст.

Мутобиқ ба фармони марбута хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2019 аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда шаванд.

Моҳҳои апрел-майи соли 2019 бошад, шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд.

Бояд гуфт, ки масъалаи хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои дарднок ва дарди сари раисони шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳотҳо буда, ҳамасола бо мушкилиҳо нақшаи гуҳошта иҷро мешавад. Ин мушкилот ба ҳадди печида мешавад, ки дар баъзеҳо ҳолатҳо раисон бо курсиҳои ишғол намудаашон падруд мегӯянд. Ҳарчанд дар таронаи маъмуле месароянд:

Эҳ Армия, эҳ Армия, эҳ Армия,

Чӣ бояд кард? Хизмати Ватан!

Подробнее ...

Рӯзи матбуоти тоҷик: аз маҷлис то қадршиносӣ

Без названия

Имрӯз 11 март, агар дар Литва Рӯзи барқарорсозии истиқлолият ҷашн гирифта шавад, дар Тоҷикистон аз Рӯзи матбуот таҷлил менамоянд.

Рӯзи матбуоти тоҷик бо нашри аввалин шумораи рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» марбут буда, нахустшумораи он 11 марти соли 1912 аз чоп баромадааст.

Қаблан дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои пасошӯравӣ Рӯзи матбуотро бо чопи нашри аввали рӯзномаи “Правда” дар санаи 5 май қайд менамуданд.

Чун анъана Рӯзи матбуоти тоҷик бо маҷлисҳои расмиву қадршиносии иддае аз матбуотчиёну собиқадорони матбуот доир карда мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки давоми чанд соли охир матбуоти тоҷик аз рисолати аслии худ дур монда, бештар ба воситаи тарғиботӣ табдил ёфтааст. Гузашта аз ин расонаҳои мустақил, ба мисли  "Суғд", "Факты и комментарии", "Нури зиндагӣ", "Ҷомеа", "Нигоҳ" ва "Озодагон" аз фаъолият боз монданду сомонаҳои интернетии TojNews ва "Озодагон" кор намекунанд. 

Ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 370 нашрияи давлатию хусусӣ фаъолият мебарад.

Подробнее ...

Барои ғайриқонунӣ ба Россия ворид шудан ба 1,5 сол маҳкум шуданд

 

Дар вилояти Курган суд ду нафар тоҷикро бо гуноҳи воридшавии ғайриқонунӣ ба ҳудуди Россия айбдор донист.

Бино ба иттилои прокуратураи вилояти Курган қаблан ба ин ду мард ворид шудан ба ҳудуди Россия манъ карда шуда буд. Аммо онҳо ба ин нигоҳ накарда, тирамоҳи соли 2017 бо шиносномаи нави тоҷикӣ тариқи автобус тавассути ноҳияи Петуховск ба ҳудуди ФР ворид гаштаанд.

Воридшудаҳои ғайрирасмиро дар моҳи июни соли гузашта дар ҳудуди вилояти Москва боздошт кардаанд.

Ба ҳардуи қонунвайронкун 1,5 солӣ маҳрум кардан аз озодӣ, дар колонияи низомаш умумӣ ҷазо муайян карда шуд.

Подробнее ...
Подписаться на этот канал RSS