20 Октября 2018
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Муҳоҷират - нӯшдоруи Россия?!

Ҳаросу гумонҳо ва худбоварии масъулини рус то он ҳадде боло рафтааст, ки ҳатто наметавонанд зарарҳои молиявии худро аз фоидаашон тафриқа кунанд ва ба ҷои он ки маҷрои нерӯи арзони кориро ба кишвар ворид сохта, ин холигиро, ки ба андешаи мутахассисони ҷомеашинос ва иқтисоддонҳо, на дертар аз 5 соли оянда ба як мушкили ҷиддӣ табдил меёбад, пур намоянд, ҳамарӯза аз муборизаҳои нав ба нав ва роҳу воситаҳои ҷадиди рондани ин нерӯи арзони кориро меандешанд.
Агар имрӯз ба сохтори бозори меҳнати Россия нигарем, ба хубӣ метавонем бубинем, ки норасоии қувваи корӣ (намегӯям қувваи арзони корӣ) дар чанд соли баъдӣ боиси пастравии иқтисоди ин кишвар хоҳад гашт.
Пеш аз ҳама, тибқи як пажӯҳиши дигар, ки онро ҳам таҳлилгари рус Алла Тиндик доир кардааст, танҳо дар худи Маскав беш аз 800 нафар занҳои солҳои таваллудашон 1970-1979 мезистаанд, ки беш аз 300 ҳазорашонро занони муҳоҷир аз ҳисоби минтақаҳои дигар ташкил медодааст.
Тавре медонем, синну соли қобили таваллуди ин занҳо ба ноамниҳои солҳои 90-уми асри гузашта рост меояд ва аксаран ин занҳо нахостаанд фарзандон таваллуд кунанд, ва имрӯз мушкили демографӣ масъалаи рақами яки ин кишвар гаштааст.
Пойтахти ҳар кишвар бо вуҷуди мушкилиҳояш дили ҳамагонро мерабояд ва аксаран мардуми омад андеша доранд, ки имкониятҳо барои пайдо кардани худ дар пойтахт бештар аст ва чунин ҳам ҳаст.
Аммо, мушкили пойтахти Россия он аст, ки пиршавӣ ва камшавии аҳолии қобили меҳнат дар он бо суръат пеш меравад, ва насле, ки бояд ҷои онҳоро пур мекард, ба дунё наомадааст.
Тавре олими рус Татяна Малаева иброз медорад, пеш аз ҳама, мушкили пиршавии аҳолӣ зарба ба сохтори таъминоти иҷтимоӣ мезанад, чунки нафақагирон зиёданд ва теъдодашон меафзояд, ва нафароне, ки ба фондҳои ҳифзи иҷтимоӣ бояд пардохт ворид созанд, яъне нерӯҳои офаранда, теъдодашон кам шудан дорад.
Ба тадриҷ ба сафи аҳолии қобили меҳнат ва инкишофдиҳандагони иқтисодиёти ин кишвар зодагони солҳои 1990 ворид мешаванд, ки теъдодашон хеле кам аст ва ҳамчунин зодагони солҳои 1950 аз ин қатор берун мераванд.
-Чунин бӯҳрони демографиро таърихи Россия ёд надорад ба ҷуз аз даврони ҷанг. Дар ҷаҳон низ чунин ҳолат мушоҳида нашудааст. Ин ҳолат ҷиддӣ ва дурудароз аст. Ин масирро на танҳо иқтисодиёти Россия, балки Украинаву Беларус низ ногузир бояд тай намоянд. Аз ин хотир, ба саволи он ки рушди иқтисодиро новобаста аз ҷустану пайдо намудани роҳҳои нав ба нав интизор шуд ё не, ҷавоб додан хеле мушкил аст, - гуфтааст таҳлилгари рус Малаева.
Норасоии кадрҳои сатҳи миёна дар ин кишвар ба бомбаи дертаркиш монанд шудааст. Ҳарчанд далели онро ки ин мушкил рӯзе мерасад, касе инкор намекунад, ва аммо хатар ва натиҷаҳои онро касе намехоҳад дарк кунад.
Дар ҳамин ҳол иқтисоддонҳо идао доранд, ки болоравии иқтисодиро аз ҳисоби афзоиш додани истеҳсолнокии нерӯи корӣ таъмин кардан лозим аст ва ин ҷо низ охири ришта мерасад сари нерӯи арзони корӣ.
Аммо ин роҳ, бино ба андеша мутахассисони соҳа, бояд мунтазам, босубот ва бо омодагии баланд тай шавад.
Дар ҳамин ҳол, муҳоҷират метавонад дар чунин мавриди хатарзо яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкилоти Россия гардад. Пеш аз ҳама иқтисодиёти Россия ба нерӯи арзони миёнатахассус ва бетахассуси корӣ ниёз дорад.
Бадии кор дар он аст, ки миёни кордиҳандагон ва сардамдорони Россия ва ҳамчунин мардуми таҳҷоӣ ақидае шах шудааст, ки гӯё муҳоҷирони соҳибтахассус хубанду муҳоҷирони бетахассус бад. Аммо зери мафҳуми “муҳоҷири соҳибтахассус” ин мардум танҳо олимонро барои марказҳои илмиву донишгоҳҳо мефаҳманд, ки барои ин кишвар кашфиётҳову навовариҳо дар соҳаи илм бикунанд.
Бояд гуфт, ки албатта, барои таъминоти чунин “муҳоҷирини соҳибтахассус” Россия тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам кардааст ва аммо инженеру сохтмончиён ва дигар соҳибкасбони сатҳи миёнаи ботахассус дар ин кишвар фаъолияти меҳнатии худро аз кори сиёҳ сар мекунанд, ки на аз сӯи ин давлат ва на сӯи кишвари интиқолкунандаи нерӯи корӣ ҳимоят ва пуштибониро дар самти пиёда кардани ҳуқуқҳои иҷтимоии худ намебинанд.
Ахиран, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар дидор бо муҳоҷирини кории тоҷик дар Маскав дар хусуси аз сӯи Россия ба таъхир андохтани имзои як созишнома, ки соли 2004 Ҳукумати Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирини кориаш пешниҳод кардааст, ибрози назар кард.
“Созишнома дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия аз соли 2004 имзо намешавад. Тоҷикистон пешниҳодҳои худро кардааст ва аммо бюрократия намегузорад, ки он ҳал шавад... Мо барои ҳалли ин мушкилот омадаем”, - гуфт раиси палатаи болои порлумони Тоҷикистон.
Шояд, сари гиреҳ дар ин ҷо бошад ва вориди ботлоқ гардидани системаи ҳифзи иҷтимоии Россия боиси он аст, ки ин кишвар намехоҳад андози ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирини тоҷикро ба буҷаи Тоҷикистон интиқол диҳад?!.
Бо вуҷуди ваъдаи Убайдуллоев дар хусуси баррасии ин масъала дар дидор бо намояндагони воломақоми Россия, аз натиҷаҳои он ҳанӯз дараке нест. Яъне, ҷониби Россия боз корро ба таъхир андохтааст, чунки дар чунин замони барояш хеле мушкил ба ин кор розӣ шуданаш бо дасти худ шикастани системаи ҳифзи иҷтимоии кишвар мебошад.
Ин амали Россия ғайричашмдошт набуд, ва ғолибан бо вуҷуди талошҳои ҷониби Тоҷикистон ҳиҷ вақт ин маблағро вориди буҷаи мо нахоҳад кард, алалхусус, ки ба қавли мардум “хараш аз лой гузаштааст”-у як пойгоҳи низомии бузургашро дар хоки кишвари мо бе сарфи як танга мустақар кардааст.
Аз сӯи дигар, мушкилоти таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, дастрасӣ ба хизматрсониҳои тиббӣ ва дигар шароитҳое, ки барои муҳоҷирон зарур асту, ҷониби кордиҳанда намехоҳад онҳоро таъмин созад, метавонад оиди раванди дигар - сар задани ошубҳову бетартибиҳои дастаҷамъонаи муҳоҷирин гарданд. Ин раванд аллакай дар ин кишвар шурӯъ шуда, дигар муҳоҷирини меҳнатӣ он нафарони солҳои охири асри гузашта нестанд. Аллакай ташаккул ёфтаанд, забон ва одоти мардуми маҳал ва ҳуқуқҳои худро омӯхтаанд, аксарашон аллакай шаҳрвандӣ ва ё ҳадди ақал ҳақи зисти муваққатиро дар ин кишвар ба даст овардаанд.
Тазоҳуротҳои дастаҷамъонае, ки муҳоҷирин барои напардохтани музди меҳнаташон, таъминоти нобаробари иҷтимоӣ, дастрасӣ ба хизмтарасониҳои тиббӣ, омӯзишу парвариш ва тақсимоти имкониятҳои таъминот бо кор доир карданд, аллакай аз бедории муҳоҷирин дарак медиҳанд ва хоҳ-нохоҳ агар ҷониби Россия ба таври оҷил сари ин масоил андеша накунад, ин гуна эътирозҳо васеъ ва зуд-зуд доир хоҳанд шуд ва суботро дар кишвар метавонанд барҳам бизананд, ки айнашро дар Фаронса дидем.
Аз ин рӯ, кишвари Россияро зарур аст, ки муайян кунад, ки оё мо муҳоҷиринро мехоҳад ё не, ва аз кор бурдани мақоли “Дур нарав гург мехӯрад, пеш наё дидан намехоҳам” даст бикашад. Зеро хоҳу-нохоҳ, баъди чанде насли дигари муҳоҷирин сари кор меоянд, ки зодагон ва шаҳрвандони Россия мебошанд ва ҳатман, ки бо мардуми маҳаллӣ аз ҷиҳати дараҷаи саводнокиву малака наздик ва ҳатто аз онҳо боло хоҳанд буд.
Бояд ба як нуктаи аслӣ ҳам муҳоҷирин ва ҳам кордиҳандагон диққатро равона кунанд: муҳоҷири корӣ на ба он минтақае меравад, ки барояш писанд аст, балки ба ҷое меравад, ки бозори меҳнат онҳоро ҷалб мекунад. Тоҷир ҷое меравад, ки молашро ба нархи баландтар бихаранд. Ин қонуни бозор аст.
Аз ин рӯ, маҳз дар ҳамин фурсати ҳассос раҳбарияти моро лозим аст, ба ҳеҷ ваҷҳ мушкилоти пешгузоштаи баъзе масъулини ин кишварро дар қиболи муҳоҷирини тоҷик напазиранд ва шартҳои ҷиддитарро барои пиёда намудани манфиатҳоиву ҳақи шаҳрвандонашон ҷиддӣ пеш гузоранд. Қонуни бозор ҳамин аст: Бардорад, зам кун!
Муҳаммад Рашод

Подробнее ...

Рахмон Озода Эмомали: «В Москве, Санкт-Петербурге, Краснодаре и Новосибирске откроются дополнительные пункты по выдаче загранпаспортов»

С 1 января 2015 года въезд в Россию для граждан Таджикистана будет возможен только по загранпаспортам. Кроме того, в этом году наша республика перешла на биометрические загранпаспорта и ввела идентификационные карты, которые в будущем полностью заменят национальные паспорта. Как продвинулась работа в этом направлении, какова готовность к 1 января консульских служб МИД Таджикистана в России и какие еще планы у внешнеполитического ведомства страны в этом направлении, рассказала в интервью «АП» первый заместитель министра иностранных дел РАХМОН Озода ЭМОМАЛИ.
Интервью Первого заместителя министра иностранных дел Республики Таджикистан Рахмон Озоды Эмомали с редактором газеты Asia-Plus Зебо Таджибаевой
- В начале года Вы рассказали о внедрении биометрических заграничных паспортов, а также о намерении внедрить в республике идентификационные карты, которые в будущем заменят национальные паспорта. Как продвинулась работа в этом направлении и каково сегодня число тех, кто стал уже обладателем ID-карт?
- Во-первых, хотела бы поздравить всех читателей газеты и народ Таджикистана со 20-летием основного закона Республики Таджикистан - Конституции и пожелать всего наилучшего.
Действительно, во время нашей первой встречи речь шла о важности и необходимости внедрения биометрических заграничных паспортов, а также о намерениях правительства страны по вводу идентификационных карт, об их технической спецификации и преимуществах.
Напомню, что согласно указу о введении идентификационных карт, подписанному президентом страны Эмомали Рахмоном, выдача ID-карт, которые в будущем полностью заменят нынешние национальные паспорта, началась с 1 апреля этого года. На сегодняшний день Министерством иностранных дел персонализировано уже более 35 тысяч новых образцов удостоверения личности граждан по всей республике.
Также в этом году Таджикистан полностью перешел на заграничные биометрические паспорта. И только за 9 месяцев текущего года количество выданных биометрических паспортов превышает 240 тысяч. Со второй половины года желающих получить биометрические загранпаспорта, как на территории Таджикистана, так и за его пределами, стало гораздо больше. Это в основном связано с постановлением правительства РФ об отмене с 1 января 2015 года въезда на территорию России граждан иностранных государств, в том числе граждан Таджикистана, по внутренним паспортам.
- Что предпринимается Министерством иностранных дел для облегчения нахождения граждан Таджикистана за пределами страны, в частности в России?
- Как Вам известно, на данный момент Таджикистан имеет 36 дипломатических представительств и консульских учреждений по всему миру, три из которых находятся на территории России. Это диппредставительство в Москве и два консульства в Уфе и Екатеринбурге. Дипломатического персонала, естественно, не хватает, чтобы охватить всю территорию России, с учетом количества граждан Таджикистана, находящихся на ее территории. В этой связи министерство вышло с предложением в правительство Таджикистана об открытии еще трех консульств - в городах Санкт-Петербург, Самара и Новосибирск. Кроме того, министерством рассматривается вопрос о целесообразности открытия консульских учреждений в таких российских городах, как Тюмень и Якутск. В их полномочия будет входить защита прав и интересов граждан Таджикистана, в том числе и их обеспечение биометрическими паспортами.
Кроме того, в Санкт-Петербурге, Калининграде и Краснодаре у нас есть почетные консулы, которые также оказывают поддержку и помощь нашим гражданам там.
- До 1 января, то есть до того дня, когда гражданам Таджикистана будет запрещен въезд в Россию по национальным паспортам, остается всего пара месяцев. За это время, думаю, не все граждане нашей страны смогут вернуться на родину, чтобы получить загранпаспорта здесь. Готово ли министерство к тому, что желающих получить загранпаспорта в РФ станет значительно больше?
- На данный момент в Москве, Уфе и Екатеринбурге при диппредставительствах уже действуют три центра по сбору биометрической информации для оформления биометрических паспортов нашим гражданам. В день они обслуживают до 1 тыс. граждан, но этого, конечно, недостаточно. До конца месяца будет открыто дополнительно пять центров сбора информации, два из которых будут в Москве, а три остальных в Санкт-Петербурге, Краснодаре и Новосибирске. Ожидается, что данные центры смогут в день обслужить еще дополнительно 2 тыс. граждан. Данные центры будут функционировать до полной паспортизации граждан Таджикистана в России.
Что касается граждан, которые уже возвратились в Таджикистан, то они могут получить паспорт по месту своего постоянного проживания. Сейчас по Таджикистану действует 101 центр сбора информации для оформления биометрических паспортов, в них же можно оформлять и идентификационные карты.
- В начале года Вы рассказали и о других нововведениях, как в этом направлении продвинулась работа?
- Благодаря проведенной плодотворной работе, доход в бюджет государства от оказываемых консульских услуг за нынешний год во много раз превысил тот, который мы имели в предыдущие годы. Это нам позволяет осуществить не только те намерения, о которых я говорила в начале года, например подключение паспортной системы ко всем пограничным пунктам пропуска, но и другие инициативы, которые направлены на развитие государственной структуры, привлечение инвестиций и иностранных граждан в республику.
Речь прежде всего идет о намерении внедрения электронной информационной сети для получения визы Республики Таджикистан и введения электронной визы для иностранных граждан.
Также, в правительство республики направлены соответствующие предложения об открытии дополнительных консульских учреждений в Российской Федерации, о которых было упомянуто выше.
- Какие преимущества дает электронная информационная сеть и электронная виза?
- На данный момент все дипломатические представительства и консульские учреждения республики за рубежом пользуются разными техническими устройствами и программным обеспечением для выдачи виз РТ. База данных не централизована, и зачастую для получения какой-либо информации требуется определенное количество времени.
С введением электронной информационной сети все диппредставительства, консульские учреждения, центральный аппарат Главного консульского управления министерства, а также все заинтересованные правоохранительные органы будут подключены к ней и взаимосвязаны между собой. Диппредставительства будут оснащены новейшей спецтехникой и программным обеспечением для распознавания и сбора биометрических данных личности, включая отпечатки пальцев и рисунок сетчатки глаза, для оформления визы.
Электронная виза в отличие от электронной информационной сети будет являться одной из самых упрощенных категорий таджикской визы, которую смогут получать граждане 80 государств. Эти страны входят в список, утвержденный постановлением правительства, и их граждане смогут получить таджикскую визу в упрощенном порядке. Они смогут, не выходя из дома, с использованием обычного Интернета заполнить визовую анкету, прикрепить электронную фотографию и получить электронную визу на указанный ими электронный адрес. Процесс будет занимать всего несколько минут. Виза выдается на 45 дней, с учетом действия до 90 дней. То есть виза будет действовать 90 дней со дня выдачи, но ее владелец может находиться на территории Республики Таджикистан не более 45 дней со дня въезда на территорию нашей республики. Виза является бесплатной, но для ее технической обработки взимается сбор в размере 50 долларов США. Все сборы за техническую обработку электронной визы пойдут на ее техническое обеспечение, а также на финансирование новых дипломатических представительств и консульских учреждений Таджикистана за границей.
- Ввиду нынешних широких полномочий Главного консульского управления, увеличилось ли количество обращающихся в министерство и не мешает ли это нормальному его функционированию?
- Из-за ветхого состояния старого здания Главного консульского управления и его несоответствия международным стандартам Управление переведено в центральное здание МИД. В новом здании созданы практически все условия для эффективного обслуживания посетителей и оказания им консульских услуг.
Однако в целях совершенствования структуры управления и для удобства граждан, число которых в день достигает 300 человек, мы рассматриваем вариант строительства многоэтажного административного здания Главного консульского управления МИД, где будут учтены все имеющиеся недостатки.
Следует отметить, что строительство данного здания, как и строительство нынешнего административного здания министерства, будет осуществляться за счет консульских сборов и не потребует дополнительных ассигнований из госбюджета.
- В конце августа граждане Таджикистана, которые в сентябре должны были выехать в Саудовскую Аравию для совершения хаджа, узнали, что въезд в эту страну для них возможен только по биометрическим паспортам. Как вам удалось справиться с этой задачей, ведь за такой короткий срок выдать такое количество документов довольно проблематично?
- Да, действительно, МИД получил ноту посольства Саудовской Аравии в РТ, где говорилось, что въезд в эту страну возможен только по биометрическим паспортам. А так как большинство паломников имели заграничные паспорта старого образца, нам пришлось организовать круглосуточное дежурство, чтобы обеспечить своевременно документами почти 5 тыс. паломников.
- И еще один вопрос, который нельзя обойти стороной. Месяц назад в СМИ появилась новость, что по подозрению в получении взятки задержан сотрудник Главного консульского управления МИД Далер Накибов. Как Вы можете прокомментировать случившееся?
- Далер Накибов является одним из опытных и грамотных сотрудников министерства. В случившемся происшествии много неясностей, и до выяснения обстоятельств я бы не хотела что- то комментировать и делать поспешные выводы.
ASIA-PLUS / №81 (964)
23 октября 2014

Подробнее ...

Марги ду муҳоҷири қиргиз ва кордхўрии Баҳриддин Воҳимаи навбатии матбуот боз сари номи тоҷикон

Ҳафтаи гузашта боз шумхабарҳое фазои Маскаву қисматҳои марказии Россияро фаро гирифт ва аз кушта шудани 2 тоҷик ва ҳамла болои як нафари дигар бо корд аз сӯи миллатгароёни рус хабарҳои зиду нақиз дар саҳифаҳои интернетиву иҷтимоӣ паҳн шуданд.
Бино ба қавли расонаҳои русӣ субҳи якшанбеи 12 октябр дар ҷангалзори кӯчаи Миклухо Маклайи Маскав тани беҷони ду тан пайдо гардид, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ном бурда мешуд.
Дар посух ба муроҷиати мо Муҳаммад Эгамзод, намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон гуфт, дар ҳақиқат дар назди метрои Коломенское Маскав болои шаҳрванди Тоҷикистон ҳамла сурат гирифта, сокини ноҳияи Рудакӣ Баҳриддин Шаропов бо гирифтани чанд зарби корд ба бемористони ин минтақа интиқол шудааст.
- Намояндаи мо аз аҳволи ин шаҳрванди Тоҷикистон хабар гирифт. Бино ба маълумоти худи ҷабрдида, ба ӯ дар ҷои кораш, ки баромадгоҳи метрои Коломенское мебошад, шабона ҳуҷум кардаанд. Вазъаш мӯътадил арзёбӣ мешавад. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, махсусан ҷаноби сафир Имомуддин Сатторов дастури аёдат ва кӯмак ба осебдидаро додааст ва аз мақомоти Россия тақозо кардааст, то дар пайдо намудани омилони ин ҷиноят таъхир нанамоянд. Омилони ин ҷиноят ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд, - илова кард дипломати тоҷик.
Ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ иддао шуд, ки болои Баҳриддин Шаропов 3 нафар миллатгароёни рус бо нидои «Чурки, вон из России!» ҳуҷум кардаанд.
Ҳамчунин дар саҳзифаҳои интернет наворе чарх мезанад, ки дар он худи ҷабрдида изҳор медорад, ки чанд муддат пеш дар маҳаллаи Нагатинская, ки бо Коломенское ҳамсоя аст, ду нафар муҳоҷирро русҳо “аз ӯ бадтар” карда будаанд.
Бино ба иттилоъи хабаргузориҳои русӣ як нафар ҷинояткорон ҳангоми фирор аз ҷойи ҳодиса телефони ҳамроҳашро афтонидааст ва аллакай ҳарсе ҷинояткорон дастгир шудаанд.
Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ сухан дар бораи он меравад, ки мақомоти пулис алайҳи ин гурӯҳ танҳо аз рӯи ҷинояти авбошӣ парванда боз кардаанд, ва дар он дар бораи ҳуҷум бар асоси адовати милливу нажодӣ гапе нест.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон шаҳрвандони Тоҷикистон будани 2 нафар муҳоҷири қатлшударо рад карданд.
Дар ин росто Муҳаммад Эгамзод афзуд, ВАО каме ба иштибоҳ роҳ додаанд ва шаҳрвандони Қирғизистонро шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ кардаанд.
Пеш аз ин телевизиони русии Lifenews гузоришеро пахш кард, ки дар он кушташудагон шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ шуданд.
Бино ба маълумоти пулиси Маскав дар наздикии бинои 21 кӯчаи Миклухо Маклай, дар ҳудуди як ҷангалзори хурд ҷасади хунолуде пайдо кардаанд ва баъди азназаргузаронии минтақа боз як ҷасади дигарро дарёфтанд.
“Ин хабар сафири Тоҷикистонро сахт муассир кард ва зуд моро барои дақиқ кардани ҳуввияти кушташудагон ва омода намудани дархости расмӣ ба мақомоти Русия дастур доданд. Вале, нозири калони шӯъбаи пулис бо номи Руслан Гребенов дар сӯҳбат бо намояндаи сафорат қайд кард,ки кушташудагон шаҳрвандони Қирғизистон мебошанд, на аз Тоҷикистон”, - илова кард котиби якуми Сафорати Тоҷикистон дар Маскав.
Дар ҳамин ҳол пулиси Маскав аз дастгирифтани омилони куштори муҳоҷирини қирғиз ва ҳамла болои шаҳрванди Тоҷикистон Баҳриддин Шаропов хабар додаанд.
Ва аммо бархе ҳомиёни ҳукуки башар мегӯянд, танҳо дар шаби 11 ба 12-уми октябр дастикам 8 нафар мардуми омад мавриди ҳуҷуми мусаллаҳонаи миллатгароёни рус қарор гирифтаанд.
Бо вуҷуди ин, Сафорати Тоҷикистон аз мақомоти рус ҷиддан талаб намудааст, ки ҷузъиёти ҳаводиси ахирро мунсифона таҳқиқ намуда, аз натиҷаи тафтишот Сафоратро дар ҷараён гузорад. «Ҷинояткор бояд тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шавад» -изҳор доштааст Сафорат.

Подробнее ...
Подписаться на этот канал RSS