23 Марта 2019
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Муҳоҷирон, ба эмгузаронӣ тайёр шавед! Избранное

  • Автор 

ваксинатсия

Роспотребнадзор ба нақша гирифтааст, ки аз 1 апрел то 1 октябри соли 2019 дар Федератсияи Россия маъракаи эмгузаронӣ бар зидди бемории сурхчаро гузаронад ва ин маърака муҳоҷирони меҳнатиро низ дар бар мегирад.

Бино ба иттилои сомонаи nazaccent.ru дар ин бора ҳуҷҷати дахлдор дар портали санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба нашр расид, ки мутобиқ ба он дар қатори сокинони таҳҷоӣ, инчунин муҳоҷирон, қавму халқиятҳои кӯчманчӣ, гурезагон ва гурезагони дохилӣ эмгузаронӣ карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки чанде пеш гирифторӣ ба бемории сурхча дар байни хориҷиён дар ҳостели “Тут как дома”-и шаҳри Москва ва лӯлиёни дар деҳаи Сновитсаи вилояти Владимир истиқоматдошта ба қайд гирифта шуда буд.

Сурхча бемории вирусии сироятӣ буда, бо роҳи ҳавоӣ-қатрагӣ мегузарад ва беморӣ дар калонсолон вазнин аст. Сарчашмаи гирифторӣ ба беморӣ одатан нафари бемор буда, ягона роҳи самарабахши пешгирии бемории сурхча эмгузаронӣ ба ҳисоб меравад.

Наверх