24 Сентября 2018
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

«ИНҶО РОССИЯ радиои «Муҳоҷир»-ро мешунавед...» Избранное

«ИНҶО РОССИЯ радиои «Муҳоҷир»-ро мешунавед...»

Аввало салому пайғоми худро ба ҳамаи ҳамватанон ва хонандагони рӯзномаи Тоҷикони Россия мерасонам. Радиои «Муҳоҷир» аз 1-уми августи соли 2012 ташкил шуд ва умуман, 4-уми сентябр ба фаъолияти амалӣ шуруъ кард. Бори аввал, ки бо Тоирҷон Ҳамдамов шинос шудам, ў як сомонаи занги арзон ба Тоҷикистон дошт ва ман дидам, ки ин кӯмаку ёрдами хубе ҳаст барои муҳоҷирон. Бо ў ҳамкор шудам. Дўстоне, ки дар сомонаи интернетӣ дар муҳоҷират буданд, онҳоро барои истифода аз ин сомонаи муносибу арзон даъват менамудам. Баъди чанд вақт як шиносамон, ки донишҷўи факултаи журналистика буд, - Беҳрўзи Одина,- дар вақти таътилаш ба муҳоҷират ба кор омад. Ў, ки дар радио собиқаи корӣ дошт, ман пешниҳод кардам, ки «биё як радио барои худу дўстон месозем». Таклифро қабул кард ва ман ба Тоирҷон барои боз намудани радио ҳамаи таҷҳизоти заруриро омода кардем. Беҳрўзҷон ба кор сар кард. Аввал шунавандаҳои радиои мо 4 нафар буданд. Баъдан дўстоне, ки дар саҳифаҳои интернетии «Мой Мир» доштем, онҳо шунавандаи мо шуданд. Муддате нагузашта, теъдоди шунавандаҳо ба 30 нафар, баъд ба 100 нафар расид. Баъдтар ман бо Тоирҷон дидем, шунавандаи мо рўз ба рўз зиёд мешаванд ва ба хулосае омадем ки идома диҳем. Сипас бо таклифи Беҳрўзҷон номи радиоро мондем «Муҳоҷир», яъне барои муҳоҷирон. -Аввалин барномаҳои мо фақат салому пайғом ва табрикоти зодрўзӣ буд. Баъдтар аз сабабе, ки дарсҳои Беҳрўзҷон сар шуданд, барномасозӣ ба зиммаи ман афтод. Ростӣ, ман куҷову барандагӣ куҷо? Аммо рўи хотири муҳоҷироне, ки моро гўш мекарданд ва аллакай зиёда аз 1000 нафар шуда буданд, ночор коре, ки ҳирфаам набуд, ба дўши худ гирифтам. Бисёриҳо таклиф мекарданд, ки идома диҳед. Ҳатто аз хотирам намеравад, ки ҳангоми барномаро бурдан ман бахшишҳои зиёд мепурсидам аз шунавандагон, ки ман ба лаҳҷа ҳарф мезанам, муҳоҷире навишт, «шумо бахшиш напурсед, забони тоҷикӣ ширин аст, яъне чанд намуди ширинӣ дорад: забони адабиаш асал аст, забони шаҳриаш шакар аст, забони деҳотиаш ширинии мева аст. Аммо зўри шумо, ки ба асал намерасад, шумо шакарро бо ширинӣ якҷоя мекунед ва забони шумо набот мешавад».
Маҳз бо дасгирии ҳамин хел муҳоҷирон мо радиоро пеш бурдему дар сомонаҳои «Одноклассник», «Фейсбук», «Мой мир», «Скайп», «В контакте» саҳифаҳои худро кушодем. Ҳадаф аз ташкили радио, ростӣ, бисёр чизҳо буд, аз ҷумла, барои дилбардории муҳоҷирон, яъне далер кардани онҳо дар муҳоҷират. Худ қазоват кунед: муҳоҷир ба давлати бегона равон мешавад, якум, шикасти ботиниаш аз хона дур будан ва ашки фарзандон, дуюм - ин ягон ҷои пўшида нест, меояд дар фурудгоҳ нархи дандоншикани билет, сеюм- дар гумрук чӣ қадар ба сари ў дод мезананд, боз мефарояд дар гумруки Россия кофтани сумкаву то тамоми баданаш, чорум - проблемаи ҷойи кор, оё меёбад ё не, панҷум - агар ёфт, ў дар фикр аст, оё ўро «кидат» намекунанд, яъне сумашро медиҳанд ё не ва мақсади охирон кадом сомонае, телевизионе ё радиои Россияро монед, фақат танқид дар бораи муҳоҷирон.
Хуб, инҳоро хомўш мекунаду мехоҳад, ки суруди тоҷикӣ шунавад. Мемонаду ана акнун сар мешавад «очае, ман мурдам дар ғарибӣ (бахшиш мепурсам аз ҳофизоне, ки инро шоу-бизнес карданд)...». Оё ин муҳоҷири моро якбора дилшикаста намекунад? Алббата, мекунад ва аз дилшикастагӣ ба тарсончакӣ мебарад ва мо бояд муҳоҷирро далер нишон диҳем. Ман худро «дворник» муаррифӣ мекунам ҳамеша ва ба шунавандагонам доим мегўям, ки ман як роҳрўби оддиям ва маълумоти олие надорам. Ҳаракат мекунем, ки дили муҳоҷирро бардорему ўро далер кунем ва бо ҳар василаи дигар номи тоҷикро бардорем, шумо ҳам ҳаракат кунед, ки номи тоҷикро бардоред, сару либоси хубе пўшед. Мисол аз худам меорамшон. Мегўям, ки ман як костюм ба мабалағи 500 рубл (70 сомонӣ) харидам аз мурда буданма(ҳазломез мегўям), як галстуки дигар аз як муаллими ҳамсоям гирифтам. Аввал ҳурмати ман аз бозор сар мешавад «раис марҳамат, чӣ мехаред?». Баъд дар фурудгоҳ мегўянд: «ами акама сар бтен брава». Баъд мусофирон мепурсанд: «ака, хдт дар дипломат кор мекунӣ, ё ягон ҷои дигар?» - мегўям: неву кўчарўб ҳастам. Бовар намекунанд, яъне маълум мешавад, ки бисёри мардум, аз ҷумла, муҳоҷирон чунин либосро – костюм бо галстук, - хоси одамони мансабдор медонанд. Баъд дар метроҳо ҳам ба одаме, ки сарулибоси озода пўшидаасту худро муназзам кардааст, пулис кам аҳаммият медиҳад. Муҳоҷиронро бояд муттаҳид кунем ва ба онҳо таблиғ намоем, ки далер бошанд. Ба муҳоҷири мо имрўз суханҳои хуб намерасад ва ман доим дар барномаҳоям мегўфтам, ки шуморо мо дўст медорем, кормандони радиои «Муҳоҷир» шуморо дўст медоранд, аз мушкилот дилшикаста нашавед, мо ҳамеша бо шумоем! Баъди меҳнати зиёд сафи ҳамкорон ва барномаҳои радио зиёд шуд. Бениҳоят миннатдории худро ба ҳамаи онҳое, ки дар он рӯзи мушкили моро дастгирӣ мекарданд аз ҷумла ба Беҳрўзи Одина, ки аз Ватан барномаи «Садо аз Ватан», Бунафшаи Абдураҳим барномаи «Қалби Муҳоҷир» ба мо аз Тоҷикистон, ки ин барнома бисёртар дар бораи касалиҳои Спид, ки муҳоҷирон дар муҳоҷират гирифтор мешуданд аз забони онҳо нақл карда мешуд ва бениҳоят бо алам ва мухлисони зиёди худро дорад ва инчунин ба бародари ман Дилшоди Рамазонӣ, ки барномаи «Ёди Ватан»-ро таҳия мекунаду бениҳоят мухлисонаш зиёданд ва ў барномаро аз шаҳри Новосибирск равон мекарданду мекунанд, ки ин барнома аз хаёту фаоълияти муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Новосибирск буда нақл мекард инчунин муҳоҷиронро ба ватан даъват мекард. Ҳатто аз шунавандае макутбе гирифтем, ки бо шунидани ин барнома ки 5 сол дар ватан набудааст ба ӯ таъсир карда ба ватан раҳсипор шуда буд. Заррина Саломова, ки овози ин хоҳарбарандаи доимӣ, ки радиои моро рангин мекард мерасонам. Инчунин аз бародар Зайнуддини Орифӣ сипосгузорем, ки маслиҳатҳои муфиди худро дареғ намедоштанд. Бародар Абӯбакри Файзалӣ низ дар ҳар ҷое, ки моро ба барномае даъват мекарданд, вақти худро дареғ намедоштанду ба мо ҳамкорӣ мекарданд. Миннатдории худро ба хоҳарам Фархундаҷон аз Амрико мерасонам, ки дасгирии худро дареғ намедоштанд ва аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ки хабарҳо дар мавриди муҳоҷирон менависонанду ба мо равон мекарданд. Муҳимтаринаш ин буд ки таъсири ин радио дар ҳаёти муҳоҷирон, ки худ дарк кардам якумаш муҳоҷирро қалбан далер мекунад, баъдан муҳоҷирати меҳнатӣ на танҳо дар Русия мешавад, ки инро на танҳо шунавандагони радио, ҳатто худи ман фаҳмидам. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар шаҳри Абудабии Арабистон ҳам зиёданд, ҳатто кадоме, ки забони арабиро медонад, марҳамат ба кор даъват мекунанд, ки шароиташ 1000 бор аз Русия хубтар аст. Бисёри шунавандаҳои мо рафтанд ва миннатдорӣ карданд. Инчунин мефахрем аз муҳоҷирони меҳнатии давлати Яман- ворисони Сино, ки бо мо дар тамос ҳастанд ва моро мешуниданду мешунаванд.
Мутаассифона, мо фақат ҳалли мушкили маънавияшонро то ҷое рафъ карда метавонистему тамом. Ҳатто дар рафти ташкили кардани радио ба мо ҳам фишовариҳо буданд. Масалан расме карикатура бо номи гостарбайтер фм бароварданд. Инчунин дар авто радио барои мо суруде ҳам эҷод карданд, ки дар ютуб хаст http://youtu.be/lEin1nLlh5I
Мурзилки Int. - пародия «Не надо стесняться»
Ҳатто дар телевизиони Россия 1 моро он чизе ки ваъда карда буданд аммо дар барномаҳояшон баракс нишон медоданд. Мушкилиҳои бисёре доштем аввал набудани мутахассис, баъд ба ҳама маълум - нарасидани маблағ. Ин радио, - агар радио ҳам гуфта шавад, - сар то по камбудӣ буд ва новобаста аз камбудӣ зиёда аз 100 000 шунавандаи худро ҷамъ овард.Ташкили ин радио барои муҳоҷирони Русия буд, аммо моро мувофиқи статискаи радио аз 67 давлати дунё гўш мекарданд ва ҳоло ҳам мекунанд.
Инчунин моро яку якбора аз 5000 нафар зиёд гўш карда наметавонист, чунки МР3-ҳои мо бардошт намекарданд, лекин ба ҳар ҳол мешавад, ки дар барномаҳои мустақим шунавандаи мо аз 5000 мегузарад, махсусан барномаи «Сӯҳбати тоҷикони рӯйи дунё», ки мо бо тариқи скайп даъват мекардем, тоҷиконе, ки дар давлатҳои бегона ҳастанд, дар бораи ин давлат нақл мекунанд. Хуллас бо ин қадар мушкилотҳову сарсониҳову талоши меҳнати зиёд як сол мо радиоро бурдем.Баъди як соли Радиои Muhojir харидорони зиёде пайдо кард.Дар таърихи 19.08.2013 ширкати матбуотии “Tajinfo радиои интернетии “Муҳоҷир”-ро харидори карда ва зери чатри худ даровард. Баъди ба ҳайати ширкати матбуотии “Tajinfo даромадан боз барномахои радио ҷолибтар шудаанд. Ҳоло боз барномаҳои барномаҳои Сӯҳбати Тоҷикони Дунё, барномаи исломии Ҳидоят “Сӯҳбати мустақим”, ва “Уроки толерантности”, ки шоири русзабони зодаи Тоҷикистон Алексей Афғонов таҳия мекунад, байни шунавандагони радиои “Муҳоҷир” тарафдори зиёд доранд.Инак, 2 солагии ифтитоҳу фаъолияти онро ҷашн мегирем. Ба ононе, ки ин тай 2 сол бо мо ҳастанд ва моро мешунаванд ва тарфдорӣ мекунанд минатдории худро мерасонем. Ба мухлисони радиё ин ҷашни 2 солагии радиёро табрик ва муборак бод мегӯям!
Раҳим Қаландаров

 

Наверх