23 Марта 2019
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Материалы отфильтрованы по дате: Четверг, 14 Март 2019

Ба марги шаҳрванди Тоҷикистон кӣ гунаҳгор?

Снимок1

Оғози моҷаро

Бино ба навиштаи котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев дар гурӯҳи журналистони Тоҷикистону Қирғизистон "MEDIAMOST" Сеть журналистов Кыргызстана и Таджикистана дар Фейсбук аз 7 март сар карда, ҷониби Қирғизистон якҷониба мехоҳад сохтмони роҳи Оқсой-Тамдикро идома диҳад, ҳарчанд мутобиқи протоколи комиссияи байниҳукуматӣ ин кор манъ аст.

Снимок

Дигар сарчашма бошад, ба мо хабар дод, ки ҳанӯз санаи 7 март ҷониби Қирғизистон ба мақомоти Исфара ҳушдор додааст, ки дар сурати гирифтани шағалу рег аз наздикии роҳи Ош-Исфана онҳо ба сохтмони роҳи мазкур идома хоҳанд дод. Бояд гуфт, ки ин мавзеъ аз аввал ба ҷониби Тоҷикистон тааллуқ дошт ва сокинони деҳаҳои Чоркӯҳу Хоҷаи Аъло аз он барои сохтмон масолеҳи зарурӣ мегирифтанд. Истифодаи ин мавзеъ аз тарафи Тоҷикистон то раиси шаҳри Исфара таъин шудани Саломзода Сиҷоуддин идома дошт. Аммо баъди раиси шаҳр таъин шудани Саломзода С. истифодаи ин мавзеъ барои эҳтиёҷоти аҳолӣ манъ шуд ва нархи як мошин шағалу рег аз 150-200 сомонӣ ба 500 сомонӣ боло рафт.

Баъди муроҷиати чандинкарати сокинон гирифтани шағал аз назди роҳи Ош-Исфана аз тарафи тоҷикон ба роҳ монда шуд ва ин кор ба қавле ба қитиқи ҷониби қирғиз расид ва онҳо бо гузашти шаш рӯз аз оғози шағалгирӣ ба сохтмони роҳи Оқсой-Тамдик сар карданд.

Сангзанӣ, марги инсон ва сӯхтор

Баъд аз оне, ки аз сокинони деҳоти Тоҷикон ва Ворух садди идомаи сохтмони роҳ мегарданд, тарафи қирғиз роҳро дар мавзеи Оқсой бастанд. Ин роҳ ягонае роҳест, ки Ворухро бо Исфара мепайвандад. Дар ҷавоб ба ин амал сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои Чоркӯҳ яке аз роҳҳои асосии Қирғизистон Ош-Исфанаро мебанданд. Роҳи мазкур роҳест, ки аз ҳудуди Тоҷикистон мегузараду ҷониби Тоҷикистон ба Қирғизистон ба муҳлати 49 сол ба иҷора додааст. Дар ҷавоби бастани роҳ аз тарафи хоҷаиаълогиҳо сокинони мавзеи Кӯктош деҳаи Сомониёни Чоркӯҳро аз убури роҳ маҳрум карда, роҳи асосии ин деҳаро бастаанд. Аз бегоҳии 13 март инҷониб мардум маҷбуранд тавассути дарё зану фарзандони худро аз “муҳосира” гузаронанд ва ҳоло низ ин гузаронидан идома дорад.

Шоҳидони ҳол мегӯянд теъдоди зиёде аз дуҷониб, ҳатто аз маркази вилояти Бодканди Қирғизистон ва сокинони деҳаҳои марзии Тоҷикистон ҷамъ шуда, кор ба сангзанӣ оид шудааст. Дар натиҷаи шумораи захмиҳо афзудааст. Сокинони қирғиз аз яроқи шикорӣ истифода бурда, дар натиҷа Ҳусейнбой Ҳакимови 43 сола ба ҳалокат расидааст.

Ҳусейнбой Ҳакимов омӯзгори МТМУ № 24 буда, раиси ҷавонони деҳаи Хоҷаи Аъло ва яке аз фаъолони ҲХДТ ба ҳисоб мерафт.

Дар баробари ин ба мо сокинони як қисмати деҳаи Сомониён, ки дар муҳосираи қирғизҳо мондаанду ба гуфтаашон онҳоро аз се ҷониб ҳарбиёни қирғиз иҳота намудаанд, хабар доданд, ки обҷувози деҳа оташ зада шудаасту хонаи чанде дигар тоҷиконро сӯзондаанд.

Мактабҳо фаъолият надоранд

Мактаби № 64-и деҳаи Сомониёни Чоркӯҳ дар қисмати болоии ин деҳа ҷойгир буда, аз сабаби муташанниҷ будани вазъ фаъолият намекунад. Зеро аксари хонандагон аз қисмати поёнӣ буда, барои ба мактаб рафтан бояд деҳаи Кӯктоши Қирғизистонро убур кунанд. Дар як вақт мактаби деҳаи Кӯктош низ фаъолият надорад, зеро барои ба ин мактаб омадан қирғизбачаҳо бояд аз ҳудуди тоҷикон гузаранд. Зеро хонаҳои истиқоматии сокинони ин ду деҳа ба тариқи шоҳмот ҷойгир буда, имкони комилан бо хатти сарҳад аз ҳам ҷудо кардани ду давлат вуҷуд надорад ва шояд роҳи ягона ба қавле “табартақсим” бошад.

Ба марги шаҳрванди Тоҷикистон кӣ ҷавоб медиҳад?

Рӯзҳо мегузаранд, моҷароҳо паси сар мешавад. Аммо суоле, ки ҳамеша дар хотирҳо хутур мекунад ва касро азоб медиҳад ин аст: ба марги Ҳусейнбой Ҳакимов ва ҷароҳатбардории сокинон кӣ ҷавоб медиҳад? Чаро имконият доданд то мардум худсарона роҳро бандад? Ҳарбиёни Тоҷикистон дар куҷо буданд? Оё мешуд роҳи пеши ин маргро гирифт, ё дигаргуна анҷом ёфтани ин моҷаро имкон надошт? Ва саволҳои дигар...

Подробнее ...

АГЕНТИИ "ХОВАР" аз МОҶАРОИ БАҲСИИ ВОРУХ хабар дод

Sarhad

Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки 13 марти соли 2019 дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба сохтмони роҳи «Коктош-Оқсой-Тамдиқ»-ро оғоз намуданд.

Ба ин иқдоми ҷониби қирғиз сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара эътироз намуданд, ки дар навбати худ ҷониби қирғиз ба тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух бо истифода аз силоҳи оташфишон тир ҳолӣ карданд. Дар баробари ин мақомоти қудратии Қирғизистон роҳи «Исфара-Ворух»-ро баста, ҳаракати воситаҳои нақлиёти шаҳрвандони ҶТ-ро қатъ намуданд. Дар ин ҷо, сарҳадбонони қирғиз 2 автомашинаи тамғаи «Газел»-ро, бо 30 нафар мусофирон, ки ба шаҳрвандони ҶТ таълуқ доранд, дар отряди сарҳадии «Оқсой» гаравгон гирифтанд. Дар ҷамоати деҳоти Ворух 50-60 нафар шаҳрвандони қирғиз бо роҳбарии муовини раиси ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Боткен Жалчиев Эркин омада, тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух сангпартоӣ намуданд, ки дар натиҷа 11 нафар шаҳрвандони ҶТ ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд.

Дар ҳудуди деҳаи Хоҷа Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз тарафи шаҳрвандони ҶҚ силоҳи шикорӣ истифода гардид, ки дар натиҷа шаҳрванди ҶТ Ҳакимов Ҳусейн, соли таваллудаш 1976, сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз қисмати дилаш захмӣ шуда, дар беморхона ба ҳалокат расид. Инчунин, нозири калони минтақавӣ лейтенанти калони милитсия Авеззода Саидшариф аз қисми рони пой, шаҳрвандон Атамов Максадҷон, соли таваллудаш 1973, сокини маҳаллаи Таги-сада аз қисмати сараш ва Аюбов Раҳим, соли таваллудаш 1973, сокини деҳаи Хоҷаи-аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз пояш захмӣ шуданд. Ҳамзамон дар натиҷаи сангпартоӣ сокини маҳаллаи Муминободи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Соҳибов Раҳмониддин, соли таваллудаш 1984 ҷароҳат бардошт. Инчунин, аз тарафи шаҳрвандони ҶҚ анбори шаҳрванд Муллоҷонов Абдумаҷид, сокини деҳаи Хоҷаи-аъло ва осиёби маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ оташ зада шуд.

Боиси зикр аст, ки саркардаи моҷарои мазкур раиси деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткен, шаҳрванди ҶҚ Роза Усарова мебошад, ки иқдоми худро бо мақсади ғасби минтақаи коркарди захираҳои сангу шағали мавзеи наздикии деҳаи Хоҷа Аъло ба роҳ мондааст. Таҳлили воқеаҳои охир нишон медиҳад, ки Роза Усарова аз муташанниҷ гардидани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон манфаитдор буда, мунтазам ба барангехтани низои миллӣ миёни мардуми қирғизу тоҷик машғул мебошад.

Подробнее ...
Подписаться на этот канал RSS