Предупреждение
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 572
30 Апреля 2017
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Ашраф Гулов: «Дар муноқишаи Москва- Сити тоҷикистониҳо иштирок накардаанд» Избранное

Дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо нашрияи “Точикони Россия” сардори Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Россия Ашраф Гулов, ки таҳқиқи ин қазияро дар асоси дастури Сафири кишварамон Имомудин Сатторов бар уҳда дошт, гуфт ки дар муноқишаи дастҷамъонаи шаҳрвандони Осиёи Миёна, ки чанде пеш рух дод ва навори он дар шабакаи иҷтимоии Ютуб ба нашр расид, шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат надоштаанд.
Мусоҳиби мо гуфт, ки Сафорат рӯзи 31-уми май ин муноқишаи дастҷамъонаи шаҳрвандони Осиёи Миёна дар мавзеи сохтумонҳои иншоотии Маскавро, ки чанде пеш навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расид, ба пуррагӣ таҳқиқ намудааст.
Ёдовар мешавем, ки худи ҳамон рӯз Сафири Тоҷикистон дар Россия Имомуддин Сатторов ба бахши консулии сафорат, намояндагии хадамоти муҳоҷират дар Россия ва намояндаи ВКДи кишвари мо дар Россия дастур дод, ки ба таври фаврӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти зидахли кишвари мизбон, ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин муноқишаро муайян кунанд. Бинобар ин, ҳама кормандони масъул дунболи таҳқиқи ин қазия шуданд, аз ҷумла ду корманди Хадамоти консулгарии сафорат Ҳокимиддин Раҳмонов ва Искандар Гадоев ва намояндаи Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Саид Боев дар якҷоягӣ нимаи имрӯз, 31 май ба ҷой ҳодиса рафта, аз наздик шиносоӣ ва бо директори Генералии ширкати туркӣ Ҳасан Ускан, ки сохтмони «Масква Сити» бар ӯҳдаи ин ширкат мебошад, вохӯрданд. Дар ҷараёни сӯҳбат маълум гардидааст, ки дар муноқишаи мазкур ягон тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок надоштаанд. Баъд аз вохӯрӣ бо директори генералии ин ширкат, кормандони Хадамоти консулӣ бо яке аз бригадирҳои сохтмон, ки аз ӯ Ҷартиев Эркин ном бурда мешавад ва зодаи Бешбулоқи шаҳри Кӯлоб мебошад, вохӯрданд. Вай низ тасдиқ кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин муноқиша иштирок надоштаанд.
Ҳамчунин кормандони масъул ба шӯъбаи корҳои дохилии Пресненскийи шаҳри Москва рафта, бо Сергей Поленов сармуфаттише, ки тафтишоти ин муноқишаро бар ӯҳда дорад вохӯрданд ва дар рафти вохӯрӣ ӯ низ тасдиқ кардааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин муноқиша иштирок надоштаанд.
Дар натиҷа маълум гардидааст, ки дар ин муноқишаи дастҷамъонаи миёни муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Миёна, ки дар наздикии маҳалаи “Москва Сити” миёни коргарони сохтмон рух дода буд, шаҳрвандони Тоҷикистон набудаанд ва ҳамаашон шаҳрвандони Узбакистон мебошанд. Дар сохтмон ҳудуди 2000 муҳоҷир кор мекунад, ки зиёда аз 1800 нафарашон шаҳрвандони Узбакистон аст ва тахминан 150-200 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Последнее изменениеПонедельник, 12 Январь 2015 14:19
Наверх