19 Декабря 2018
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

МАКРИ ҲНИТ ВА ФОШ КАРДАНИ ОН


Ҳар ҳизбу созмон бо нияти ташаккул ва пешравии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин хидмат ба Ватану миллат ва дар асоси садоқату посдории муқаддасоти миллӣ ташкил мешавад, вале дар асл созмондиҳандагони онҳо ба хотири ба даст овардани манфиатҳои хеш ва ба даст овардани ҳокимият дар сар орзуву ҳавасҳоеро мепарваранд. Бархе аз онҳо содиқона ба гуфтаҳояшон собит мемонанд ва қисмати дигари онҳо, ки ба дасти бегонагон идора ва маблағгузорӣ мешаванд, дар андак замон чеҳраи аслии онҳо кушода ва нияти шумашон бармало мегардад.
Вуҷуди ҳизби сиёсӣ дар ислом, аз ҷумлаи масъалаҳои баҳсталаби ҷомеаи мусулмоннишини дунё дар шароити имрўза шудааст. Қисмате аз донишмандон ба монанди Саид Қутб, Ҷамолуддини Афғонӣ, Абўаълои Мавдудӣ, Юсуфи Қарзовӣ, Мустафо Машҳур ва дигарон бар ин назар буданд, ки ислом бояд дорои ҳизби сиёсӣ бошад, то аз муқаддасоти дин пуштибонӣ намояд. Онҳо барои асоснок намудани андешаҳои худ ба ин оятҳои қуръонӣ истинод кардаанд: “Онҳо ҳизб (гурӯҳ)-и Худоянд. Огоҳ шав, ба дурустӣ, ки гурӯҳи Худо растагоронанд” (Муҷодала, 22 ва ғайра). Дар баробари онҳо назари оммаи донишмандони аҳли суннат дар он аст, ки ислом ба Ҳеҷ гуна ҳизб ва созмони сиёсӣ зарурат надорад ва ба оятҳои фаровон истинод овардаанд. Аз ҷумла: “Касоне, ки дини худро пароканда сохтанд ва гурӯҳ-гурӯҳ шуданд; Ҳар гурӯҳ ба он чи назди ўст, хурсанд аст” (Рум, 32 ва оятҳои дигар...).
Пас, дар ин ҷо ҷанбаи дигари масъаларо матраҳ карданием, ки он вобаста ба фаъолияти собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мебошад. Саволе ба миён меояд, ки ин гурӯҳ дар тўли фаъолияти расмӣ дар ҷомеаи динии кишвар чӣ кореро анҷом дод? Бояд зикр кард, ки ин ҳизб дар фаъолияти хеш ҳеҷ гуна идеологияи дурнамо, мавқеи муайяне дар масъалаҳои миллӣ, илмию фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ғайра надошт. Оддитарин масъалаҳо аз қабили конфронсҳои илмӣ, шабҳои фарҳангӣ-эҷодӣ, вохӯриҳо бо чеҳраҳои илмию адабӣ ва фарҳангию сиёсии кишвар дар сатҳи бояду шояд намегузаштанд. Дар фаъолияти шахсии як зумра аз аъзои ҳизб риояи ахлоқи шоиста кам ба назар мерасид. Ва ҳамчунин пур кардани сафи аъзои ҳизбро аз шахсони холӣ аз донишу ахлоқ, ибодату маънавияти исломӣ ва ашхоси сиёсатзадаи тиҳимағз мақсад гузоштанд. Дар фаъолияти иҷтимоию иқтисодии ҲНИТ кори шоиставу боиста ва ба нафъи ҷомеа дида намешуд, то ҷое ки барномаи амалие ҳам вуҷуд надошт. Ин буд, ки марҳум Саид Абдуллои Нурӣ соли 2006 гуфта буд: “агар бо ҳамин ҳолате, ки ҳизб дорад, ба ќудрат расад, ҳам ҳизбро, ҳам исломро ва ҳам миллатро шарманда мекунад”. ҳақ ба ҷониби марҳум Нурӣ буд, ки дастпарвардаҳои худро аз дигарон хубтар мешинохт.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон тўли садсолаҳо аз мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ мекунад. Мазҳаби ҳанафӣ мардумро дар ин муддат ба таҳаммулгароӣ, ҳамзистӣ ва эҳтиром ба урфу одат ва арзишҳои миллӣ тарғибу ташвиқ менамуд. Дар ин сарзамин, дар маҷмӯъ ихтилофи мазҳабию эътиқодӣ ба назар намерасид. Аммо аз рӯзи ташкилёбии ҲНИТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилофоти эътиқодӣ бо ҳам тавъам (дугоник) арзи вуҷуд намуданд. Яъне, ҲНИТ бо омадани худ дар арсаи сиёсии кишвар ихтилофоти мазҳабиро низ бо худ овард.
Дар ибтидо пайравони ҲНИТ ба хотири шуҳрат ёфтан ба масъалаҳои марбут ба дар урфу одат, даст заданд. Саркардаҳои ҲНИТ дар ибтидо бо андешаҳои “ваҳҳобигарӣ”, ки аз назари онҳо исломи сиёсиро дарбар мегирифт, рўи кор омада, баъдтар онро бо афкори сиёсии “ихвониҳо” омезиш доданд. Намунаи боризи ин андешаҳои “ваҳҳобигарӣ”-ро дар навиштаҷоти марҳум М. Ҳимматзода мушоҳида кардан мумкин аст. Асари таълифкардаи ў, “Ақидаи Имом Абўҳанифа” саршор аз андешаҳои ваҳҳобигарӣ мебошад. Дар ин рисола М. Ҳимматзода афкори эътиқодии Ибни Таймияро, ки ба воситаи баъзе аз шогирдони ў, аз ҷумла Ибни Абилиззи Ҳанафӣ, ки дар фиқҳ пайравӣ аз Имоми Аъзам мекард, вале дар эътиқод пурра мазҳаби “зоҳирӣ”-и Ибни Таймияро дошт, маќолоти зиёде овардааст.
Аммо баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ ва бозгашт аз муҲоҷират яку якбора авзои эътиқодии ҲНИТ дигаргун шуд. Миёни пешвоён ва аъзои ҲНИТ аќидаи ягона вуҷуд надошт. Акнун миёни элитаи ҲНИТ дар баробари андешаҲои ваҲҲобигарӣ (салафият) назарияҲои ташайюъ низ давр мезад. Тасдиқи ин гуфтаҳо силсиламақолоти намояндаи ҲНИТ Саидюнуси Истаравшанӣ дар ташвиқу тарғиби панҷмазҳабӣ (чаҳор мазҳаби аҳли суннат бо иловаи мазҳаби шиа) мебошад, ки дар рўзномаи “Наҷот”-и ҲНИТ чоп мешуд. Ва ҳамчунин баҳсу мунозираҳои намояндагони ҲНИТ дар сатҳи ғайрирасмӣ бо донишмандони дохили кишвар ва ҳатто “салавоту дурудгӯӣ” бо тарзу усули ташайюъ дар минбари масҷидҳои кишвар аз ҷониби баъзе хатибон садо медод, ки ин ҳама аз ҲНИТ мерос монд.
Илова бар ин, дар шабакаи телевизиони моҳворавии “Висоли Ҳақ” гузориши ҳуҷҷатие доир ба фаъолияти баъзе аз тоҷикони шиашуда пахш гардид, ки дар ин самт нақши калидии ҲНИТ -ро бозгӯ менамуд.
Ҳар ташкилот новобаста аз намуди фаъолияташ эҳтиёҷ ба дастгирии молӣ дорад. Пас, дар ин масъала, кӣ дасти кумак ба ҷониби ҲНИТ дароз карда буд? То ҷое, ки хабарҳои ғайрирасмӣ вуҷуд доранд дастгирии молии ҲНИТ аз хориҷи кишвар будааст.
Тасдиқи ин гуфтаҳо воқеаҳои рухдодаи ибтидои моҳи сентябри соли 2015 мебошанд, ки ҳама шоҳиди бевоситаи он будем.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ҲНИТ пеш аз ҳама ҳамчун дарвозаи вуруди ақидаҳои бегона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, салафият, ҳизби таҳрир ва шиа хизмат намудааст.
Ҳоло ҳам хатари ҲНИТ баид нест, зеро аз эҳтимол дур нест, ки пешвоёнашон аз хориҷи кишвар бо тарҳҳои ҷадид вориди бозии нав шаванд.
Маълум мешавад, ки шиамазхабони ХНИТ аз гуногунандеши ва фазои демократи дар ҷумҳури истифода намуда, максади нихоии худ ба доми истибдод ворид кардани мардумро амалӣ карданианд. Шахсияти роҳбари имрӯзаи ҲНИТ, махсусан (М.Кабири), рухонияти асил ва дилбастагии онхоро ба ислом инкор мекунад. Манфиатҷӯйихо ачнабипарасти, мазхаби шиаро кабул намудан, гурухбозихо ва махалгарои дар дохили ХНИТ, аз худ намудани маблагхои хизбиро мушохида намуда, аз хизб даст кашиданд.
Имруз мардум дарк намудааст, ки пешвоёни ХНИТ мазхаби шиаро кабул намудаанд, пас чи тавр мардум ХНИТ-ро чонибдори намояд? Бо кадом максад ахолии суннимазхаби чумхури аз паси пешвоёни мазхабгумкардаи ХНИТ равад? Онхо максад доранд, ки мазхаби халкро тагйир диханд. Вале хануз чанобон – пешвоёни ХНИТ бехабаранд, ки рози нихони онхо фош гардид. Эхсос ва дарки мардум табии ва худодод аст, сирре вучуд надорад, ки аз мардум пинхон монад. Бинобар он асрори пешвоёну фаъолони ХНИТ, яъне мазхаби шиаро кабул намудани онхо ошкор шуд. Ба кавли Хоча Хофиз «дардо, ки рози пинхон хохад шуд ошкоро».

Расул Абдулқодиров,

Номзади илми фалсафа, Узви Шӯрои ҷамъиятии Сафорати ҶТ дар ФР

Последнее изменениеПятница, 19 Январь 2018 09:03
Наверх