30 Апреля 2017
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Бетарафӣ нобахшиданист! Избранное

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумла ҳодисаҳоеанд, ки барои амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷавонӣ хатар эҷод мекунад.
Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Айни замон гуруҳҳои террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҳизб-ул-таҳрир», «Ҳизбуллоҳ», «Ал-қоида», «Боко-Ҳарам», «Толибон» ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд. Мақсади асосии ин гуруҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки паси он миллиардҳо меистанд.
Рӯҳониён ва исломшиносон борҳо таъкид кардаанд, ки амалкардаҳои ин гуруҳҳои ифротгароӣ ва дигар гуруҳҳои экстремистӣ ва террористӣ, ки бо номи «ҷиҳод» анҷом дода мешаванд бо исломи асилу ноб робитае надоранд. Дар натиҷаи амалиётҳои нопоки худ онҳо хуни ҳазорҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ рехта мешаванд, кӯдакон бесарпаноҳ ва занон ба ҳалокат мерасанд.
Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо вазъият ба куллӣ тағъир ёфт, ки ин ҷанги хунрезиҳоро дар кишварҳои шарқи наздик ҳамеша мушоҳида мекунем. Дар ин бора мутафаккири барҷаста Хемингуэй гуфтааст: «Агар дар оянда ҷанг рух диҳад, он ҷанг байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуқӯъ хоҳад омад».
Ба ҳамагон маълум аст, ки гуруҳҳои террористӣ барои анҷом додани амали ваҳшионаи худ ба мазҳабу дин такъя мекунанд, ки ин ба дин ҳеҷ алоқамандӣ надорад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Мо ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.
Ҳодисаҳои нангине, ки имрӯзҳо дар кишварҳои Либия, Тунис, Сурия, Ироқ, Миср ва дигар давлатҳо ба вуқуъ омадаанд, ҳеҷ як шахси солимфикру солимақлро бетараф гузошта наметавонад.
Амалиёти охире, ки террористон ба анҷом доданд, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд, ин қатли модар аз тарафи фарзанд буд. Ин амали аблаҳонаи гуруҳҳои террористонро мардуми Тоҷикистон дар қатори дигар халқиятҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум намуданд.
Имрӯз коршиносон ба ин назаранд, ки ба доми террористӣ бештар ҷавонони муҳоҷир ё муҳассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд. Барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Аз ҷумла барои ҷалби ҷавонони минтақаи Осиёи марказӣ сомонаҳои мухталифи интернетӣ воситаи асосӣ мебошанд. Чӣ хеле ки аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ як гуруҳ ҷавонони тоҷикро бо гуруҳи исломии Узбекистон пайваст шуданро намоиш дод, дар он ҷо падари яке аз ҷавонон бо оби дида гуфт, ки чунин фарзандро аз руи замин нест созед, то ин ки ман ҳамчун падар пагоҳ дар назди миллату давлатам сархам ва ба ҷавобгарӣ кашида нашавам.
Чуноне, ки вақтҳои охир аз воситаҳои ахбори оммавӣ - сиёсӣ ва дигар ахборотҳои сохторҳои қудратӣ маълум гардид, дар ҷумҳурӣ 14 – гуруҳи муташаккили террористӣ аз ҷониби неруҳои қудратӣ маҳв гардида, фаъолияти 12 – ҳаракат, ҳизб ва гуруҳҳои экстремистӣ - ифротӣ, тундгаро дар қаламравӣ кишвар манъ гардид. Бархе аз ҷавонон – шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз номи гуруҳи давлати Исломии Шому Ироқ меҷанганд муайян гардида нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Барои пешгирӣ намудан аз ин вабои аср мақомотҳои қудратии кишвар чораҳои мушаххасро андешидаанд. То имрӯз 1190 нафар ҷавонони ҷумҳурӣ дар сафҳои созмонҳои террористӣ ошкор карда шуданд ва нисбати онҳо тафтишот бурда шуда истодааст ва зиёда аз 150 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расидаанд.
Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қиматтарин наъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар баста, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем, зеро бетарафӣ дар лаҳзаҳои таърихӣ нобахшиданӣ мебошад ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистонро ғуборолуд созад.

Назокат Назарова,
омӯзгор, ш. Душанбе

Наверх
панно гипсовые крылья