29 Мая 2017
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамватанони бурунмарзии мо заминаи иртиботи доимӣ бо Ватани аҷдодияшонро фароҳам овард Избранное

Ба пешвози Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузор ва шахсияти меҳварии сиёсати хориҷиии мо барои ҳамватанони бурунмарзӣ, собиқ тоҷикистониёне, ки баъди аз ҳам рехтани давлати шӯравӣ ва замони ҷанги шаҳрвандӣ бо амри тақдир ва зарурати замон Тоҷикистонро тарк намуда, имрӯзҳо дар дигар кишварҳои дунё кору иқомат доранд, заминаи иртиботи доимӣ бо Ватани аҷдодияшонро фароҳам овард,- назари хешро чунин баён дошт дар сухбат бо хабарнигори мо дипломати саршиноси тоҷик Муҳаммад Эгамзод.
-“Президенти кишвар ба ғайр аз он ки ба ин табақаи ҷомеа ҳаққи рафтуомади озод ва иртиботи доимӣ бо Ватани аҷдодияшонро дод, дастгирии ҳуқуқӣ ва фарҳангию маърифатии онҳоро низ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад донист. Ин ҷост, ки дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2015 тасдиқ шудааст, дар доираи дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстонаи кишвар ба масъалаҳои марбут ба ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷойгоҳи шоистаи онҳо дар сиёсати хориҷии кишвар таъкид шудааст. Дар ин санади муҳим омадааст, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи табиқи сиёсати хориҷии хеш ба иттиҳоди ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳифзи вежагиҳои этнофарҳангӣ, аз ҷумла забони модарӣ дар чаҳорчӯбаи қонунҳои кишварҳои будубоши онҳо мусоидат хоҳад кард”. Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин рӯшану возеҳ зикр шудааст, ки мо ба хотири идомаи фаъолияти созандаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ҷиҳати таҳкими робитаҳои кишвар бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ҷалби зарфиятҳои онҳо барои рушди ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва маънавиву фарҳангӣ, эҷоди ҳусни таваҷҷуҳ ва муносибати хайрхоҳона ба Тоҷикистон ва мардуми он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва доираҳои сиёсии байналмилалӣ мусоидат хоҳем кард.”-мегӯяд дипломати тоҷик.

Дар идомаи сӯҳбат Муҳаммад Эгамзод бар он таъкид намуд, ки кор бо ҳамватанон дар хориҷи кишвар дар маърази сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафарҳои хеш ба хориҷи кишвар, дар ҳар қитъае дунё, аз паҳнои Россия ва кишварҳои пасошӯравӣ сар карда, то Аврупову Амрико, кишварҳои Осиёву Африқо, умуман ҳар куҷое сафарҳои расмиву корӣ доранд, аз рӯи анъана бо ҷамъи ҳамватанони бурунмарзӣ, собиқ тоҷикистониён - намояндагони миллату халқиятҳои мухталиф, ба монанди тоҷикон, яҳудиёни бухороӣ, русҳо ва дигар миллатҳои русзабони ҳамватан сӯҳбату дидорбиниҳои гарму самимӣ ороста, аз ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии онҳо огоҳ мегарданд. Дар аксарияти вохӯриҳои президент бо ҳамватанон дар кишварҳои мухталифи дунё, роҳбари давлатамон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда кӯшиш мекунанд, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти онҳо дар ҳамон ҷою замон мусоидат намоянд. Борҳо дар муроҷат ба онҳо гуфтаанд, ки “Шумо набояд фаромӯш кунед, ки сарфи назар аз маҳалли ҳозираи кору зиндагии худ фарзандони Тоҷикистон ҳастед ва соҳиби давлати мустақил буда, Ватани хешро доред ва ин Ватан, инчунин миллати шарифатон ҳамеша дар фикри шумост”. Бояд таъкид намуд, ки ингуна мулоқоту сӯҳбатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ ба як анъанаи нек ва ҳамешагии сафарҳои хориҷии сарвари давлати тоҷикон табдил ёфтанд ва доимо муфиду самарабахш доир мегарданд.
Аз ҷониби дигар, мегӯяд дипломати тоӣик, ҷомеаи ҳамватанони бурунмарзӣ низ аз чанд гӯшиву канораи дунё бар истиқболи оғӯши баркушодаи Меҳани аҷдодии хеш гоми бештаре гузошта, на танҳо иртиботи оддӣ, яъне бароварда кардани ниёиш ва эҳсосоти пазмонӣ ба хоку марзи бобоиро бароварда намуданд, балки аксари онҳое, ки дар кишварҳои иқомати хеш дар тиҷорату савдо комёбу муваффақанд, сармояи хешро ба иқтисоди худи Тоҷикистон низ равона намуданд.
-“Масалан, агар дасти кумаки соҳибкорони тоҷики сокини Россия ба Тоҷикистон дар гузашта асосан бо сохтани масҷиду тармими ягон мазор ва ин ки ёрӣ ба мардуми мӯҳтоҷ маҳдуд мешуд, дар солҳои охир онҳо ҳарчӣ бештар бо ташаббусҳои иҷтимоие, чун сохтани мактабу роҳу бемористон дар зодгоҳҳояшон дар Ватани аҷдодӣ аз худ дарак медиҳанд. Мо шоҳиди он шудем, ки баъди даъвати сарвари давлат оид ба он ки “дар Ватани аҷдодии хеш низ нақше аз худ гузоред”, даҳҳо нафар соҳибкорони тоҷикистонии муқими Россия дар ободии диёр дасту остин барзаданд. Ҳолиё аз ҳисоби чандин тоҷикистониёни муқими кишварҳои хориҷӣ дар навоҳии мухталифи кишвар корхонаҳои хурди саноати таъсис ёфта, сохтумони иншоотҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ идома дорад. Ин иқдомот дар доираи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар намунаи беҳтарини натоиҷи сиёсати хориҷии мо оид ба ҳамватанон буда метавонад”-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Ба андешаи Муҳаммад Эгамзод, дар ин росто, боз як институти танзимгари густариши бештари ҳамгароии кишварамон бо ҳамватанони бурунмарзӣ – ин Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон аст, ки вазифаи асосӣ ва муқаддаси он ҳифзу гиромидошти арзишҳо, суннатҳои муштараки таърихӣ ва фарҳангии тоҷикону кулли мардумони форсизабони дунё мебошад. Эътибори ин ташкилот аз замоне, ки Раисии ин анҷумани бонуфӯз бар дӯши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардид, хеле зиёд гардид. Тӯли солҳои фаъолияти пурсамар Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон бегумон ба як дастгоҳи мубаллиғии сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, дар барқарор намудани робитаҳои фарҳангӣ ва ҳамгироӣ миёни сарварони иттиҳодияҳои тоҷикон ва форсизабонон дар саросари ҷаҳон нақши ногузир гузоштааст.
Воқеан ҳам, чуноне дар Консепсияи сиёсати хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, имрӯзҳо “раванди босуръати ҷаҳонишавӣ муносибатҳои наздики миллатҳо ва давлатҳоро тавсеаи бесобиқа бахшида, дастрасӣ ба комёбиҳои навину арзишманди башарӣ ва баҳрабардорӣ аз дастовардҳои тафаккури созандаи инсониро барои аҳли башар муяссар мегардонад. Дар баробари ин, мушкилоти моддиву маънавӣ ва ахлоқии башар низ хислати глобалӣ касб карда, ин амр боиси торафт афзудани фишор ба сохторҳо ва арзишҳои миллӣ ва фарҳангии халқҳо ва ангезиши бархӯрди тамаддунҳо мегардад. Дар ин шароит яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии чунин дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстона аст, ки он бо дарназардошти тамоюлҳои мусбат ва манфии раванди ҷаҳонишавӣ ба таъмини ҳастии маънавӣ ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои асили миллии фарҳангиву ахлоқии халқи тоҷик, муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дорои фарҳангу тамаддуни қадима ва давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд, тавсеаи ҳамкориҳои самарабахши фарҳангию башардӯстона бо кишварҳои олам бо мақсади таҳкими шинохти мусбати Тоҷикистон ва мардуми он мусоидат намояд”.
- “Бинобар ин, боварии комил дорам, ки самти кор бо ҳамватанони бурунмарзӣ яке самтҳои муҳим ва аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он бояд дар доираи дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстона бонизоми муайян, мунтазам ва басо самаранок пеш бурда шавад”- зикр намуд дар анҷоми сӯҳбат Муҳаммад Эгамзод.

Tajinfo

 

Наверх
Интернет магазин предлагает купить диплом стоматолога в нашей фирме недорого.