30 Апреля 2017
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

ИНТИХОБОТИ АМРИКО ВА ФАРҲАНГИ БАЛАНДИ СИЁСӢ Избранное

ИНТИХОБОТИ АМРИКО ВА ФАРҲАНГИ БАЛАНДИ СИЁСӢ

Дипломати саршиноси тоҷик Муҳаммад Эгамзод муносибати шахсии хешро дар робита ба анҷоми маъракаи интихоботии Президенти ИМА дар саҳифаи иҷтимоии хеш дар Facebook баён доштааст.
-"Ҳама чашму ёду ҳуши мардум ба он сӯи уқёнус аст. Аз гардиши куллӣ ва ҳатто ғайриинтизор, ки Трамп дар интихоботи озоди Амрико ғолибият ба даст оварда, инак вориди Қасри Сафед хоҳад шуд, нафарони зиёде дар ҳоли "шок"-и сиёсиву ҷамъиятӣ қарор доранд. Ихтилофи назарҳо шабакаҳои иҷтимоиро ба "ҷӯш" овардаанд... Аммо, як чиз мусаллам аст, барои ин кишвари бузург- ИМА, ки мехоҳад ва ростӣ, ки метавонад ба ҷаҳониён воқеияти ҷомиаи озоду демократиро нишон диҳад, зи ҷой бархоста, боястӣ каф кӯбем! Браво!"- навиштааст у.
Эгамзод бар он андеша аст, ки "....Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли ҷомиаи кишвари мо яқинан ба раъйи мардуми Амрико эҳтиром мегузоранд ва ин интихоби мардуми Амрикоро ба маънии таъйини сарнавишти минбаъдаи ин кишвар арзёбӣ мекунанд. Боварии комил аст, ки муносиботи Тоҷикистон бо ин кишвари мутараққии ҷаҳон дар ин марҳилаи нави таърихӣ, ки бегумон бо омадани Трамп ба маснади Президенти ИМА инак-инак оғоз хоҳад ёфт, густариши наву бештареро касб хоҳад кард"".
Эгамзод ҳамчунин зикр намудааст, ки "хотираҳои 23-сол муқаддам доштаам, ки ҳини сафари омӯзишӣ Амрикоро барои худ кашф карда будам, дубора дар зеҳну ҳушам зиндаву гирдгардон шуданд. Амрикоро, ҳамчуноне дар сафаргуфтаҳоям, ки ҳанӯз солҳои 1993-95 дар маҷмуае бо номи "Амрико бо Муҳаммад Эгамзод" чун модули намунавии кишвари озоду демократӣ ном гирифта будам, аҷабо, пас аз 23 сол ҳам ҳамонгуна дармеёбам. Ин ҷойи баҳс надорад!".
Дипломати точик хамчунин ба фарҳанги ибратомези сиёсии Амрико таъкид намуда, изҳор доштааст, ки эҳтироми зиёд ба хонум Клинтонро дорад. Зеро, ки ин бонуи сиёсатмадор мағлубиятро ба таври ором ва бидуни таҳлука пазируфт ва ҳатто Трампро табрик гуфт. Ана, ин аст фарҳанги баланди сиёсӣ! Ба ифтихори Ӯ низ аз ҷой бархоста, каф бояд кӯфт!"- навиштааст Муҳаммад Эгамзод.

Наверх
Поможем вам купить диплом фармацевта с доставкой.