30 Апреля 2017
19 августа сего года в Москве медиакомпания Tajinfo приобрела популярный радио-канал «Муходжир», вещающий в режиме онлайн во всемирной паутине. Стороны, в том числе прежние владельцы ресурса – уроженцы Таджикистана Рахим Каландаров и Тохир Хамдамов, сумму сделки не раскрывают, ссылаясь на политику конфиденциальности.

Овоза ва ҳақиқати шиносномаи биометрӣ Избранное

Овоза ва ҳақиқати шиносномаи биометрӣ

Назди бинои Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон чун ҳамешагӣ серодам аст. Гапу калочаҳо болои ин хадамот баъди он ки гирифтани шиносномаҳои биометриро барои шаҳрвандони Тоҷикистон роҳандозӣ кард, ба маротиб афзуданд. Барои дақиқ кардани ҳақиқати ҳол ба назди хадамоти консулӣ рафтам ва мушоҳид будам, ки мардум бо чӣ навъ шаҳодатномаи биометрӣ мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки сар аз соли 2015 Россия вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба хокаш бо шиносномаҳои дохилӣ мамнӯъ эълон доштааст, ки ташвишҳои мардуми моро афзудааст. Ва ҳамчунин на танҳо ин, балки дигаргуниҳо дар қавонини танзими муҳоҷират низ боиси ташвиши иловагии муҳоҷирин гардид ва ҳамчунин Ҳукумати Тоҷикистон барои гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ дар қаламрави Россия чораҳои зарурӣ андешидааст.
Дар ин росто ВКД Тоҷикистон, сафорати Тоҷикистон талошҳо ба харҷ бурда, дар шаҳрҳои калони Россия нуқтаҳои сайёри омодасозии ҳуҷҷатҳову маълумотро барои гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ созмон додааст...
Аммо, мавзӯи ин навишта танҳо тартиби дастрасии мардум ба гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ дар хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мебошад.
Якчанд варақ коғаз дар дастам худро миёни навбатистодагон задам. Ҳудуди 20 то 30 нафар, касе ариза менавишту, касе шиносномаи дохиливу дигар ҳуҷҷатҳоро нусха мебардошт. Оне, ки ҳуҷҷаташ омода шуд, дар навбат меистоду ба навбат ҳуҷҷат месупорид...
Ман ҳам миёнашон даромадам. Тоҷик дар ҳама ҷо ба ҳам унс мегирад... Оҳиста-оҳиста бо ҳамдигар сӯҳбат оғоз мекунанду дарди ғурбат мепаронанд...
-Ман аз Файзобод, 2 сол шуд, ки ба муҳоҷират меоям. Ду сол ҳам дар Маскавам. Дар бораи он ки Россия барои мо навовариҳо ҷорӣ кардааст, дар телевизиону радио бисёр мегӯянд. Ҳамшаҳриҳо ҳам бисёр таъкид карданд. Қариб як моҳ пеш ҳуҷҷат супорида будам, дина телефон карда гуфтанд, ки шиносномаам тайёр, омадам, ки бигирам, - хурсандона иброз дошт ҳамсӯҳбатам. Бо қирраи чашм ба нусхаи шиносномаи дохилиаш менигарам: Фирдавс Азизов...
Ба оҳистагӣ мепурсам:
- Чанд сум додӣ?
- Дар ёд надорам, 100 доллар бо курси ҳамонрӯза, тақрибан 5 ҳазор рубл буд ва боз 800 рубл супоридам.
- Мегӯянд, ки миёнаравҳо ҳастанд, пули зиёдтар мепурсанд?
- Роси гап, ман омадам, пурсидам, ки чӣ кор кунам, гуфтанд, ки шиноснома, регистратсия ва патент ё иҷозатномаи корро копия кун, ариза навис, ба касса 100 доллар супор ва 800 рубл. Ман копияи паспорту дигар ҳуҷҷатҳоямро доштам, барои эҳтиёт сурати 3х4 ҳам гирифта оварда будам, аризаро бо ёрдами як нафари дигар навиштам. Навбат истодам, вақте навбатам расид, суратҳоро баргардонида доданд, худашон дар компютер пур карданду сурат гирифтанд, изи ангуштони ҳарду дастамонро гирифтанд ва гуфтанд, ки тақрибан 20 -25 рӯз пас занг мезананд. Дина бегоҳӣ занг заданд, омадам...
-Ман омадам, ки ҳуҷҷатҳои писарамро супорам,- гуфтам ман барои гарм шудани сӯҳбат.
-Эҳҳҳее, намешавад, қабул намекунанд, худаш бояд биёяд,- ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд марди миёнасол.
-Худаш дар кор, ҷавоб надоданд, ҳама ҳуҷҷатҳояш тайёр, сураташро ҳам овардам, -гуфтам ман.
-Охир изи ангуштонашро мегиранд, суратро ҳам худашон мегиранд, бо компютер, беҳуда овора нашаведу рафта писаратона фиристед, - гуфт ҳамсӯҳбатам, ки ки Назар Азизмуродов, аз ноҳияи Панҷакент ва дар бозори машҳури Садовод ба кори савдо машғул будааст.
Чанд сол дар Россия будану ба кадом кор машғул будан савлҳои аввалине ҳастанд, ки тоҷикон ҳатто шинос нашуда бо ҳамдигар медиҳанд. Ин ҷо низ чунин шуд. Назар бо чунин суол ба ман муроҷиат кард ва ман гуфтам, ки бо писаронам дар як анбор муздурӣ мекунем ва панҷ сол аст, ки ба Россия меоем.
-Ман аз соли 2014 -ум дар шаҳри Москва кор мекунам. Ҳар сол як маротиба рафта меоям, - изҳор дошт Назар.
-Аз кай сар шуд ин ивазкунии шиноснома? -мепурсам худро ба нодонӣ зада.
-Дар телевизионҳои Тоҷикистон, дар интернетҳо маълумот паҳн шуд, ки қонунҳо нав шуда истодаанд, ман доим бо шиносномаи тоҷикӣ меомадам. Имрӯз омадам, ки шиносномаи хориҷӣ бигирам.
-Ҳамин миёнаравҳо нестанд, ки ман ягон сум дода, корамро буд кунам, боз кай мераваму, кай писрам меояду... бо вай бачаи ҷавон, дар роҳ боз пулис гаранг мекунаду чанд пулу пайсаашро мегирад,- гуфтам ман.
-Рости гап ман якум бор омадам, навбат истодам, дар як рӯз корам буд шуд, нав изи ангуштонамро гирифтам. Интизорам, ки рафиқам буд кунад корашро, меравем. Ягон касро надидам. Чӣ мекунӣ ба дигарон пул дода?, Ё пулат зиёд аст? Писаратро биёр, дар як рӯз корашро буд карда меравад, -гуфт Назар ва ҳамин замон рафиқаш баромаду онҳо харйрухуш карда рафтанд.
Дар навбат занон ҳам буданд. Як зани миёнасол, бо духтари ҷавоне сӯҳбат мекард.
- Мо аз шаҳри Ғафуров, бо шавҳару фарзандон омадаем ба Россия, дар Ивантеевка кор мекунем, дар соҳаи коммуналӣ. Омадам, ки паспорти хориҷӣ бигирам, ба духтарам ҳам лозим, аммо гуфтанд, ки худаш биёяд, талабот сахт, лекин ман розӣ. Чунки, шиноснома чизи шухӣ не. Ба ҳар кас додан гиранд, чӣ мешавад? Мо ҳам дар вақташ дар давлат кор кардем, қонуна медонем, коргарони консулгариро ҳам мефаҳмем ва ҳама бояд фаҳманд, хусусан ҷавонҳо, камтар тоқат кунанд, тартиб бошад, дар як рӯз кор иҷро шуда меравад. Раҳмат ба роҳбарони давлат, ки дар шаҳри бегона ба мо имконият доданд, ки шиноснома бигирем. Агар дар ин ҷо нуқтаҳои шиносномадиҳӣ намекушоданд, ҳар яки мо камаш 1000 долларӣ сарф карда, ба Тоҷикистон баргашта, аз кору бор монда, шиноснома мегирифтем. Ҳазор раҳмат, мо миннатдор, -овозашро баландтар карда гуфт ҳамсӯҳбати ман, ки Рузигул Худойбердиева, сокини ноҳияи Ғафурови вилояти Суғд будааст.
...Масъулини консулгарӣ сари ҳар чанд вақт ба долони консулагрӣ баромада ба ҳозирин эълон медоштанд, ки қимати шиноснома 100 доллари амрикоӣ ва 800 рубл аст ва ба фиреби ҳаннотон наафтед.
Бино ба қавли мардум ҳолатҳое буданд, ки ҳаннотон шаҳрвандонро фиреб карда маблағҳои калонро гирифта ғайб задаанд.
Яъне, мардуми ҳаннот дар ғарибӣ низ аз мақоли «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» кор мегирфтаанд...

Последнее изменениеВоскресенье, 18 Январь 2015 17:26
Наверх
Рекомендуем купить диплом в омске с доставкой в любое место по москве.